ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ОПЕЛ” ДАР ФАРХОР

Рӯзи 12 ноябр, тахминан соати 10:25,  як кӯдаки шашсола дар ҳудуди деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор зери чархи мошини “Опел” ҷон бохтааст.

ххххххххххххххх

Як сокини 30-солаи ноҳияи Сино ба дуздии масолеҳи сохтмон ва қисмҳои муҳаррики мошин аз амбори як сокини ин ноҳия гумонбар мешавад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди хурдсол зери чархи “Опел-Астра”

Рӯзи 12-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 10:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Ҷумъахон Достибоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Фархор ба самти ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи мазкур, дар ҳудуди деҳаи Аловуддин, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Исоҷони Меҳриддин, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Фархорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Исоҷони М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 30-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 5 ба 6-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонааш даромада, аз он ҷо таҷҳизоти сохтмонӣ ва қисмҳои муҳаррики автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button