ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ДАР РАШТ ЯК ЗАНИ 65-СОЛАИ ҒАМЗАДАРО БА “АВБОШӢ” АЙБДОР МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Мавҷигул Ғарибова, як зани 65-сола аз деҳаи Яшми ноҳияи Рашт инак ду рӯз боз паиҳам дар раёсати минтақавии корҳои дохилии водии Рашт дар чорчӯби як парвандаи авбошӣ таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Фарҳод Худоёров, писари Мавҷигул Ғарибова рӯзи 13 ноябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Модарамро рӯзи 12 ноябр то бегоҳ бозпурсӣ карда, танҳо баъди расидани шом ба хона ҷавоб доданд. Имрӯз ҳам аз субҳ ба бозпурсӣ рафт ва танҳо баъди соати се ба хона баргашт”,  гуфт Фарҳод Худоёров.

Ӯ мегӯяд, нисбат ба модараш ҳам бар асоси қисми сеюми моддаи 237 бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Мақомоти милисаи Рашт ин хабарро то ҳол тасдиқ ё рад накардаанд, вале қаблан муфаттиш Самеъбой Фатҳуллоев тасдиқ карда буд, ки дар пайи яук муноқишаи байни ду авлод дар деҳаи Яшм нисбат ба Ҷунайдулло Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова, бар асоси моддаи 237 парванда оғоз  кардаанд ва бозпурсии шоҳидон идома дорад.

Худи Мавҷигул Ғарибова низ дар муроҷиатномаи видеоӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  низ мегӯяд, ба зиддаш парванда кушодаанд. Ӯ мегӯяд, “ман як модари ғамзадаам, ки набераи 21солаамро куштанд, вале мақомот ба ҷои ба ҳабс кашидани қотилони Алиризо худи манро “дела” кардаанд.”

Мавҷигул Ғарибова аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки шахсан ба қазияи қатли наберааш дахолат кунад, то ҳамаи гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Алиризо Худоёров, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Рашт рӯзи 12 июл дар деҳаи Яшм бо зарби корд ба қалбаш кушта шуд.  Худоёровҳо бар инанд, ки Алиризоро 6 нафар аз авлоди ба онҳо душмани  Ҳусейновҳо тибқи маслиҳати пешакӣ дастаҷамъона куштаанд, вале мақомот танҳо 2 нафари онҳоро  ба ҳабс гирифтаанд.

Худоёровҳо ҳамчун далел сабти видеоии Синоҷони Искандар, яке аз иштироккунандагони ҳамлаи рӯзи 12 июл ба Алиризоро пеш меоранд, ки дар ин навор гумонбаршаванда эътироф мекунад, ки онҳо ҳамон рӯз бо қасди куштани Алиризо он ҷанҷолро доман заданд.

Хусумати Худоёровҳо бо авлоди Ҳусейновҳо аз деҳаи Яшм таърихи чандинсола дорад. Соли 2018 дар пайи занозании бачаҳои ин ду авлод дар як бозии волейбол ду нафарро аз Худоёровҳо зиндонӣ ва Алиризои он вақт ҳанӯз наврасро ҳукми шартӣ доданд. Соли 2019, вақте мақомоти Ғарм ба зидди Ҷунайдулло Худоёров барои блогҳои танқидиашбо иттиҳоми бофтаи “салафигароӣ” парванда кушоданд, Ҳусейновҳо дар он парванда шоҳид гузаштанд ва баёнот доданд, ки гӯё дар ҳақиқат дида бошанд, ки Ҷунайдулло дар вақти адои намоз мисли салафиҳо меистод ва намозҳои суннатро намехонд.

Хусумати байни ин ду авлод моҳи июли соли ҷорӣ бо қатли Алиризо ба нуқтаи авҷаш расид.

 Рӯзи 27 октябр, дар рӯзи марги Мансур Ҳамидов, падари Раҷабалӣ, яке аз гумонбаршавандагон дар қатли Алиризо ин хусумат  аз нав доғ ва сабаби кушодани парванда бо иттиҳоми авбошӣ ба зидди тарафи даъвогар – Худоёровҳо шуд.

Фарҳод Худоёров ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Он рӯз модарам аз хонаи апаам бармегашт, ки дар назди масҷид чанд нафар аз он авлодро мебинад. Алишери Насриддин, ки ӯ ҳам дар қатли Алиризо иштирок дошт, ба модари ман мегӯяд: “Хушҳол шудӣ, ки амаки мо мурд?” Модари ман ҷавобаш медиҳад, ки не, ман мехостам, зинда монаду мурдани писараш Раҷабалиро, ки ба қалби Алиризои ман корд зад,  ба чашми сар бубинад ва фаҳмад, ки ин чӣ қадар дарди сахт аст. Аз ин гап Алишер ба ғазаб омада, ба модари ман ҳамла кардааст ва ба шикам ва пушташ шатта задааст. Модари мо афтодаву печида ба хона меравад баъд. Ҳоло бошад ӯро гунаҳкор карда истодаанд, ки гӯё ин зани 65сола Алишери Насриддинро бо санг зада бошад. Ба кадом мантиқ рост меояд, ки як пиразани фартут, ки мадори роҳ гаштан надорад, як ҷавонро бо санг бизанад?”

Аммо ба нақли тарафи дигар, гӯё Мавҷигул Ғарибова дар ҳаққи мурдаи онҳо ҳарфҳои бад задааст ва баъди чанде писараш Ҷунайдулло Худоёров бо табар омада, ба онҳо таҳдид кардааст.

Фарҳод Худоёров мегӯяд, исрори модараш ва Ҷунайдулло ба ҳабси ҳамаи 6 нафаре, ки дар қатли Алиризо иштирок доштанд, ва муроҷиатҳои онҳо ба додситони кулл ва инак ба раисиҷумҳур сабаб шудааст, ки мақомоти ноҳияи Рашт онҳоро “чап” бигиранд ва ба зиддашон парванда кушоянд. “Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд даҳони моро банданд, ки даъво накунем. Вале то даме, ки як ҷинояткор дар озодӣ бошад, мо аз даъвои худ пас намегардем,” мегӯяд Фарҳод Худоёров.
Ба чунин сурат, хусумати байни ду авлод дар деҳаи Яшм торафт доғтару печидатар мешавад. Мутаассифона, ин хусумат алакай ба хунрезӣ печида, имкони оштии байни ин ду авлод дигар хеле ночиз ба назар мерасад. Вале агар роҳи ҳалле пайдо нашавад, ин хусумат метавонад муноқишаҳои навбанаверо дар пай биорад. Мавҷигул Ғарибова ҳам дар муроҷиаташ ба президент ба ҳамин ишора мекунад ва мегӯяд, “кӣ медонад, ки дар Яшм боз чӣ мешавад..?”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button