ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 12 ноябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ боз як ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон 3 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд. Дар давоми ҳафтаи равон ин вазорат алакай 5 мавриди нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирусро расман тасдиқ кардааст. Вале дар бораи се бемори шифоёфта тафсилоте дода нашудааст, ки оё онҳо аз ҷумлаи ҳамин 5 нафари дар ҳафтаи ҷорӣ сироятшуда буданд ё пештар гирифтор шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 13 сентябр ба ин тараф танҳо рӯзи 15 октябр ду мавриди сироят ба коронавирус дар ҷумҳуриро тасдиқ карда, дигар то ҳафтаи ҷорӣ мавридҳои нави сироят ба ин вирусро инкор мекард.

Бино ба омори расмии вазорат, дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия то шоми 12 ноябр дар кишвар 17 ҳазору 91 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 ҳазору 965 шифо ёфтаанд, вале 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз арқоми расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button