ВидеоФарҳанг

ТАҚДИМИ ҶОИЗАИ “ЗАНОН БАРОИ СУЛҲ” БА ШОИРАИ РАҲИМҶОН ДАР ИСТАНБУЛ (ВИДЕО)

Шоири тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар ҷашнвораи байналмилалии шеър “ЛИФФТ”, ки аз 11 то 14 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия ҷараён дорад, сазовори ҷоизаи “Занон барои сулҳ” шудааст.

Барои иштирок дар ин ҷашнвора, ки бори панҷум баргузор карда мешавад, беш аз 500 адиб аз 69 кишвари дунё номнавис карда буданд. Вале ба сабаби пандемия бисёре аз ин удабо дар ҷашнвора ба сурати онлайн иштирок мекунанд.

Шоираи Раҳимҷон барои иштироки мустақим дар ҷашнвораи “ЛИФФТ” ба Истанбул рафта буд ва рӯзи 12 ноябр дар радифи 16 адиби дигари зан аз саросари ҷаҳон барандаи ҷоизаи “Занон барои сулҳ” шуд.

Барандаи ҷоизаиЗанон ба хотири Сулҳшудем. Беҳтарин ҷоиза дар ин шабурӯз, ки ҳамаш аз СУЛҲ мегӯем ва нафрин мехонем ба ҷангҷӯён. Шодам ва хеле мамнун.

Тоҷики ман, хонаат бо хишти СУЛҲ обод бахш,

Бар хилофи амри шайтон, Бар хилофи номи бад!”, навиштааст Шоира дар Фейсбук.

Шоираи Раҳимҷон 31 марти соли 1977 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло – шаҳри Ваҳдат) ба дунё омада, риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин дафтари шеъраш соли 2003 бо номи «Нахустин номаҳои дард»  нашр шуд, китоби дуюмаш бо номи «Вопасин номаҳои дард» соли 2013 ба дасти хонандагон расид.

Шоираи Раҳимҷон яке аз таронасароёни маъруф ба шумор меравад ва барои овозхонҳои шинохтаи тоҷик даҳҳо тарона навиштааст.

Ахиран Ассамблеяи халқҳои Авруосиё дар се шоири тоҷик: Шоираи Раҳимҷон, Абдуқаҳҳори Қосим ва Хосият Вализодаро ба “Антологияи зинда” ( “Живая антология”)-и адибони ҷаҳон ворид кард. Ҷашнвораи байналмилалии шеър “ЛИФФТ” дар Истанбул низ аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё доир карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аслом хонадагони мехрубон ман гуфтаниямки безтари шоираи Тоджикистон хаст Шоира

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button