ВарзишВидео

МУБОРАК БОД! АКМАЛИДДИН ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУД!!! (ВИДЕО)

Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов рӯзи 12 ноябр дар  финали чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо дар вазни то 58 кило ҳарифаш аз Русия- Хертек Саянро шикаст дод ва чемпиони ҷаҳон шуд!

Чемпионати ҷаҳон рӯзи 12 ноябр дар варзишгоҳи “Юнусобод” дар шаҳри Тошканд  оғоз ёфт ва то 14 ноябр давом мекунад.

Боз як паҳлавони тоҷик дар  чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо  ба финал роҳ ёфт. Хушқадам Хусравов, ки соли 2018 алакай як дафъа унвони қаҳрамони самбои ҷаҳонро ба даст оварда буд, метавонист бори дуюм унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шавад.  Вале Хушқадам дар финали вазни то 64 кило аз  паҳлавони  қазоқ- Ҷононият Роҳат шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки  ҳам Акмалиддин Каримов ва ҳам Хушқадам Хусравов  ҳарду шогирдони ҷаҳонпаҳлавон Ҳоҷӣ Маҳмадшариф Сулаймонов мебошанд.

Тоҷикистонро дар чемпионати самбои ҷаҳон дар Тошканд 14 варзишгар, аз ҷумла як бону (Шоҳида Қаландарова) намояндагӣ мекунанд.  8 нафари онҳо дар мусобиқоти самбои варзишӣ ва 6 нафар дар самбои размӣ барои дарёфти медалҳо рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов

Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button