ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Бино ба иттилои манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар робита ба моҷарои пурсарусадои пӯшондани парвандаи азобу уқубати корманди ширкати “Мегафон” Мадина Мамадҷонова, боз ду афсари баландпояи ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз мақомҳояшон барканор кардаанд.

Подполковник Истамзода Машраф, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино яке аз онҳое буд, ки масъулияти назорат бар ҷараёни тафтиши парвандаи Мадинаро бар уҳда дошт, вале бар асоси натиҷаҳои арзёбӣ, “Истамзода дар иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ роҳ додааст.”

Подполковники дуюми барканоршуда Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Синост, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст. Гуфта мешавад, аксари санадҳо бо тақозои рад кардани шурӯи парванда ва бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани гумонбари асосӣ Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов,  як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро подполковник Шукур Раҳимов тартиб дода, масъулони дигари ШВКД, аз ҷумла подполковник Машраф Истамзода имзо кардаанд.

Ёдовар мешавем, баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Шукур Раҳимов чеҳраи барои расонаҳо чандон ошно нест, вале исми Машраф Истамзода дар гузашта дастикам ду маротиба расонаӣ шуда буд.

Соли 2013 дар пайи марги мармузи узви ҲНИТ Усмон Тоҷиев, ки бино ба фарзияи расмӣ, гӯё худро аз қабати сеюми бинои шуъбаи милисаи шаҳри Исфара ба замин партофта, ҷон додааст, вакили хонаводаи марҳум адвокати шинохта Файзинисо Воҳидова навишта буд, ки Тоҷиев маҳз дар пайи азобу уқубат ва шиканҷааш аз ҷониби Машраф Истамзода, ки он вақт дар милисаи Исфара кор мекард, ва зердастонаш даст ба ин кор задааст.

“Санаи 2- юми ноябри соли 2013 марҳум Умедҷон Тоҷиев аз мушту лагат, қувваи шиддатноки НБО-и Сангтуда ва аз шиканҷаи Машраф Истамов ва зертобеонаш тоқат накарда, худро аз ошёнаи сеюми бинои милисахона ба замин партофта, бо ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи марказии ш. Исфара бистарӣ шуд”, навишта буд Файзинисо Воҳидова.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли 2019 Нилуфар Раҷабова, духтари сиёсатмадори зиндонӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар қатори чанд зани дигар барои ҳиҷоб пӯшидан дар кӯча дастгир гардида, ба ШВКД-2 ноҳияи Сино оварда шуд, Истамзодаро айбдор кард, ки баъди фаҳмидани духтари кӣ буданаш, ӯро таҳқир ва ҳатто таҳдид ба таҷовуз кардааст.

Аммо моҳи феврали соли 2020 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфт, таҳқиқот нишон дод, ки кормандони милисаи Сино нисбат ба Нилуфар Раҷабова ба ҳеҷ қонунишиканӣ роҳ надодаанд. Ӯ баракс худи Раҷабоваро гунаҳкор баровард ва гуфт: “Падараш барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ 28 сол дар маҳбас аст ва бародараш барои ин кирдор дар кофтукоб мебошад. Худаш (Нилуфар Раҷабова) барои беэҳтиромӣ ҷарима шуд. Санҷишҳои мо нишон дод, ки кормандони мо қонуншиканӣ накардаанд”.

Машраф Истамзода зодаи деҳаи Некноти Панҷакент буда, қабл аз таъйин шуданаш ба мақоми муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино, чандин сол дар Исфара ва сипас дар мақоми сардори бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд кор кардааст.

Нилуфар Раҷабоваро 550 сомонӣ ҷарима бастанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button