ВидеоТоҷикистонҶомеа

СЕ КУШТОРИ БЕРАҲМОНА: ҚАТЛИ ХУШДОМАН ДАР ДАРҚАДИ ФАРХОР ВА ДУ ҲАМСАР ДАР СПИТАМЕН ВА ҒАФУРОВ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҷинояти куштори бераҳмонаи хешу табори наздик дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ хабар дод.

Рӯзи 9 ноябр, соати 11 дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор як келини 31-сола  ба гардани хушдомани 55-солааш ду зарбаи корд  задааст. Хушдоман дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Ҳамон рӯз, соати 16, сокини 27-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров бо телефон ҳамсари 25-солаашро ба шаҳраки Ғафуров даъват карда, ӯро бо 13 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.

Шаби 17 октябр, соати 22:30, сокини 45-солаи  деҳаи Фароби ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен  дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ҳамсари 32-солаашро бо санг зада, кушта, барои пинҳон кардани изи ҷинояташ ҷасади занро ба канали Фарҳод партофтааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи тафсилоти ин се куштори бераҳмона гуфт:

Рӯзи 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 11:00, зани 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор дар хонаи истиқоматиаш бо келинаш зани 31-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намудааст. Дар вақти муноқиша келинаш бо корд 2-маротиба ба гардани хушдоманаш задааст. Дар натиҷа, зани 55-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, ки солҳои 2003 ва 2009 бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 195 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 17-уми октябри соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар деҳаи Фароби ноҳияи мазкур, дар наздикии роҳи оҳан аз сабаби муноқишаи оилавӣ ҳамсараш зани 32-соларо лату кӯб намуда, бо санг ба сараш якчанд маротиба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Сипас гумонбаршаванда бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти худ ҷасади ҳамсарашро ба халта андохта ба оби канали «Фарҳод»-и ноҳияи Спитамен партофтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 16:00, марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бо тариқи телефони мобилӣ ҳамсараш ҷавонзани 25-сола ба назди корхонаи хоҷагии коммуналӣ, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даъват намуда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо корд 13-маротиба ба аъзои бадани номбурда задааст.
Дар натиҷа ҷавонзани 25-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сипас, гумонбаршаванда бо корди хоҷагӣ 3-маротиба ба аъзои бадани худаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешу табори наздик хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа, рӯҳониён ба дур шудани мардум аз каломи илоҳӣ ва арзишҳои динӣ  рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button