ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президентСиёсатҲуқуқи инсон

МАҲБУСОНРО БАЪДИ НОМААШОН БА ПРЕЗИДЕНТ БА ШИЗО АНДОХТААНД (3 АКС АЗ ЗИНДОН)

Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду узви собиқи раёсати ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1 (зиндони нави Ваҳдат) адои ҳукм мекунанд, дар пайи расонаӣ шудани номаи саркушодаашон ба президент Эмомалӣ Раҳмон ба ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавӣ) андохта шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, онҳо аз рӯзи 8 ноябр, инак 3 рӯз боз дар ШИЗО қарор доранд.

Ду рӯзи охир маъмурони зиндон аз наздикони ин ду маҳбус ба сабаби дар ШИЗО қарор доштанашон дастовез қабул намекунанд. Рӯзи 11 ноябр дар ҳуҷраи қабули дастовезҳо дар зиндони нави Ваҳдат эълоне овехта шуда буд, ки дар он исми 22 маҳбуси  ба ШИЗО андохташуда навишта шудааст. Акси ин эълон ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳам расид. Дар он номи Раҳматуллоҳи Раҷаб таҳти рақами 9 ва Зубайдуллоҳи Розиқ таҳти рақами 11 дарҷ шудаанд.

Наздикони ин ду маҳбус рӯзи 11 ноябр талош кардаанд, то ба пеши сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1  Бахтиёр Турсунов роҳ ёфта, аз ӯ сабаби ба ШИЗО андохтанашонро бипурсанд, вале то соате ки ин гузориш нашр мешуд, ба онҳо мулоқот бо Турсунов муяссар нашуда буд. Наздикони маҳбусон мегӯянд, агар Турсунов онҳоро қабул накунад ва арзашонро нашунавад, ба Душанбе ба қабулгоҳи раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон генерал Мансурҷон Умарзода хоҳанд рафт.

Дар як акси дигаре, ки наздикони маҳбусон фиристоданд, Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб дар ҳоли интизорӣ дар пушти дари дафтари сардори зиндон дида мешавад.

Дар акси дигар наздикони ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зубайдуллоҳи Розиқ дар назди дарвозаи зиндони нави маҳбас дар интизори сардори ин муассиса дида мешаванд.

Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб дар ҳоле ба ШИЗО андохта шуданд, ки рӯзи 1 ноябр бо як номаи саркушода аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори мусоидати раисиҷумҳур барои “шикастан” ва “дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаашон” шуданд. Ин нома рӯзи 5 ноябр дар “Бомдод” чоп шуд ва бино ба иттилои дарёфтӣ, маҳз баъди расонаӣ шудани нома ба президент муаллифонаш дар маҳбас мавриди фишор ва пурсуҷӯ қарор гирифтаву дар ниҳоят ба ШИЗО андохта шуданд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари собиқи Академияи исломии ҲНИТ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, раҳбари собиқи созмони ҲНИТ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, моҳи сентябри соли 2015 дар қатори 13 тан аз раҳбарону фаъолони ин ҳизби мухолиф боздошт ва соли 2016 мутаносибат ба 25 ва 28 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Дар номаи худ ба президент, онҳо навиштаанд, ки  танҳо гуноҳашон узвият дар ҲНИТ буд, вагарна  ба исёни Ҳоҷӣ Ҳалим, ки як баҳонаи асосии таъқиби онҳо ва дигар аъзои ҲНИТ шуд, на ҳардуи онҳо ва на дигар аз раҳбарони зиндонишудаи ин ҳизб рабте надоштанд ва инки ин исёнро ба пои онҳо бастанд, “бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст”. Ба навиштаи ин ду маҳбус,  нашри 99 саҳифаи ҳукми суд дар Интернет сохта будани парвандаро  ошкор кард ва “аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохт.”

Шаби 4 сентябри соли 2015 генерал Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири дифои Тоҷикистон ва фармондеҳи собиқи мухолифин, бо ҷамъе аз тарафдоронаш исён бардошта, дар пайи ду задухӯрд бо нирӯҳои ҳукуматӣ дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ва дар ШВКД шаҳри Ваҳдат ба самти дараи Ромит фирор кард. Ба нирӯҳои ҳукуматӣ танҳо рӯзи 16 сентябр муяссар шуд, ки бо қатли Ҳоҷӣ Ҳалим ва муовинаш Мулло Умар ин исёнро саркӯб кунанд.

Рӯзҳои 15 ва 16 сентябр мақомоти амниятӣ 13 тан аз роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ, аз ҷумла муаллифони номаи ахир ба президентро дастгир ва соле баъд маҳкум ба зиндон карданд. Аз ҷумла ду муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди онҳо ва ҲНИТ, ки фаъолияташ дар поёни моҳи сентябри соли 2015 манъ карда шуд, ҳамдастӣ дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим буд.

Роҳбарони боқимондаи ҲНИТ, ки ба Аврупо паноҳ бурда, солҳои ахир аз ҳамин ҷо фаъолият мекунанд, иттиҳоми ҳамдастӣ дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои амалӣ сохтани нақшаи хеле барвақт таҳияшуда барои бастани ин бузургтарин ҳизби оппозитсионии мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button