ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ СОКИНИ ХУҶАНД ЯК МАРДИ ҚАРЗДОРРО ДАР КАФТАРХОНА БАНДӢ КАРДААНД

Ду сокини 56- ва 23-солаи Хуҷанд ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 9 ноябр, соати 15:00, як сокини 34-солаи Хуҷандро, ки аз онҳо 20 ҳазор сомониро бо фоизаш то 1 ноябр қарз гирифта буд, бо фиреб ба хонаи худ оварда, бо чӯбдаст латтукӯб карда, дар кафтархонаашон як соат ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтаанд.
ххххххххххххххх

Сокини 38-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 4 август аз як сокини пойтахт се мошини “Форд”, “Уаз”, “Люгон”-ро 440 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст, вале то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ду нафар бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56 ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15:00, аз сабаби он, ки ба марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур дар се ҳолат маблағи 20 ҳазор сомониро бо фоиз то 1-уми ноябри соли 2021 дода будаанд ва номбурда маблағи гирифтаашро баргардонида натавонистааст, ӯро бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиашон даъват намудаанд.
Сипас, бо чӯбдаст ба аъзои баданаш зада бо истифодаи зӯроварӣ ба кафтархонаи манзили истиқоматиашон ворид намуда, ғайриқонунӣ муддати як соат нигоҳ дошта, ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бо роҳи тақаллуб азони худ намудани воситаҳои нақлиётӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:00, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаҳои “Форд”, “Уаз”, “Люгон”-ро ба маблағи 440 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button