ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ДУ ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ОШКОР КАРДА ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб як моҳи инкори сабти ҳолатҳои нави коронавирус, инак ду рӯз боз паиҳам дар бораи сабти ҳолатҳои нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус хабар медиҳад. Ин вазорат шоми 10 ноябр хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ду ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Як рӯз қабл низ вазорати тандурустӣ ду ҳолати сирояти коронавирусро дар кишвар тасдиқ карда буд.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 10 ноябр дар кишвар 17 ҳазору 90 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 ҳазору 962 шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Сабти паиҳами инак 4 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон дар ду рӯзи охир дар ҳолест, ки бисёриҳо аз эҳтимоли ба мавҷи нави ин беморӣ рӯбарӯ шудани ҷумҳурӣ дар пасманзари авҷ гирифтани мавсими бозгашти муҳоҷирон аз Русия бонги изтироб мезананд.

Русия ҳоло бо ҳудуди 40 ҳазор ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ва марги то 1200 нафар дар як рӯз аз ин беморӣ ба як манбаи бузурги пандемия дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Рӯзи 10 ноябр дар Русия боз 38 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирус ва марги 1239 нафар аз ин вирус сабт шудааст.

Мутахассисон, аз ҷумла табибон, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бозгашти муҳоҷирон метавонад василаи густариши дигарбораи коронавируса ба Тоҷикистон шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ягона василаи пешгирӣ аз мавҷҳои нави пандемия ваксина аст. Тоҷикистон то имрӯз аз хориҷ ҳамчун кумаки башардӯстона қариб 5,7 миллион вояи ваксина  ба даст овардааст. Ба ҳисоби мақомот, беш аз 2,7 миллион аз аҳолии калонсоли Тоҷикистон алакай дасти кам як вояи ваксина ва беш аз 2,2 миллионаш ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button