ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БАҲСИ САХТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО АМАКБАЧААШ ПИРОМУНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Бино ба иттилои як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, ки ҷараёни тафтиши парвандаи азобу  уқубати Мадина Мамадҷоноваро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст, дар робита ба ин парванда писари амаки худаш – Раҳмон  Умедҷони Нуриддинро низ ба назди худ даъват карда, барои нақши фаъолонааш дар пӯшондани ин парванда сахт ҷанг кардааст.

Рустами Эмомалӣ ба Умедҷони Нуриддин, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбест, гуфтааст, ки “шумо бо чунин амалҳоятон обрӯи оилаи моро ба замин мезанед. Ман ин масъаларо ба падарам мерасонам, бигзор, чора бинад.”

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ин суҳбати тунди Рустами Эмомалӣ бо Умедҷони Нуриддин қариб ду ҳафта пеш, қабл аз баррасии масъалаи Мадина Мамадҷонова дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва дар нишасти ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1 ва 2 ноябр доир шуданд, сурат гирифтааст.  Ҳам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи аввал ва ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат талаб карданд, ки масъулони дар кӯшиши пӯшондани ин парванда саҳим аз мақомот ронда шаванд.

Дар пайи ин дастурҳо, тавре қаблан хабар додем, Зафар Исмоилзода ҳамон рӯзи 2 ноябр аз мақоми сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Сино барканор карда шуда, рӯзи 5 ноябр Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали прокурори ин ноҳия низ тарки ин мансаб кард.

Аммо Умедҷони  Нуриддин, прокурори ин ноҳия дар мақомаш то ҳол боқӣ мондааст.

Манбаи “Бомдод” инро ба  бархе ҳассосиятҳои ин мавзӯъ рабт медиҳад: “Раисиҷумҳур ба Умед хеле боварӣ дорад. Аз тарафи дигар, Умед  барои президент нишона аз бародараш аст, ки шояд дилаш намешавад, ки ӯро озор диҳад. Аз ин рӯ, шикоятҳое, ки дар борааш мерасанд, чораандешӣ намекунад. Пештар прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ҳам чанд дафъа ба Умед, ки прокурори генералиро ҳам гӯш намекард, гуфта буд, ки дар бораи рафторат ба Ҷаноб хабар медиҳам. Вале Умед ҷавобаш дода буд, ки гуфтан бигир!”

Умедҷони Нуриддин қаблан сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва аз соли 2015 то 2019 додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд. Ӯ соли 2019 додситони ноҳияи Сино таъйин шуд. Умедҷони Нуриддин писари Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Нуриддин Раҳмонов соли 2017 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид.

Дар ҳар сурат, барои пӯшондани парвандаи Мадина Мамадҷонова сардори милиса ва муовини аввали прокурори ноҳияи Сино аз мақом сабукдӯш карда шуданд.

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Дар пайи дахолати Рустами Эмомалӣ, мақомот рӯзи 1 ноябр Азиза Давлатоваро бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ  ва шавҳари ӯ, корманди ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, Лутфулло (Парвиз) Давлатовро бо иттиҳоми “азобу уқубат” дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button