ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК ҲОҶӢ ОТАМУРОДИ БЕКМУРОД

Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмурод, журналисти шинохтаи тоҷик рӯзи 10 ноябр дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Хабари даргузашти Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмуродро журналисти тоҷик Бобоҷон Шафеъ ва ҳамсабақи марҳум Қиёмиддин Сатторӣ дар Фейсбук нашр карданд. Дар бораи иллати марги журналист чизе гуфта нашудааст.

Отамуроди Бекмурод 13 майи соли 1955 дар деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич)  ба дунё омада, 15 сол дошт, ки нахустин мақолааш дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” нашр шуд. Ӯ дар нимаи дуюми солҳои 70 ба таври комил ба майдони журналистика ворид шуд ва беш аз 40 сол фаъолияти журналистӣ дошт.

Отамуроди Бекмурод то соли 1990 дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон”, ки дар поёни солҳои 80 ба “Ҷавонони Тоҷикистон” табдили ном кард, кор кард ва то ба мақоми котиби масъул расид. Соли 1990 Отамуроди Бекмурод муовини сардабири нашрияи тозатаъсиси “Паёми Душанбе” таъйин шуд. Ӯ сипас бо номи “Шоҳмансур” нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансурро таъсис дод ва муддати беш аз 10 сол сардабири ин нашрия ва ҳамзамон сухангӯи раиси ин ноҳияи пойтахт буд. Отамуроди Бекмурод солҳои тӯлоние дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла дар мақомҳои мудири шуъбаи муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон ва мудири шуъбаи дин ва танзими расму ойинҳои ҳукумати ин ноҳияи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Бобочон Шафеъ

ХАБАРИ НОБАҲАНГОМИ ДАРГУЗАШТИ ОТАМУРОД БЕКМУРОД-ЯКЕ АЗ ЖУРНАЛИСТОНИ МАЪРУФИ КИШВАР ШАДИДАН ТАКОНАМ ДОД.

ЧУН ҲАМЕША РАФТАНИ ДӮСТОН БОВАРНАКАРДАНИСТ. МО ҲАМАГӢ ЧАНД РӮЗАКЕ ҚАБЛ ДИДОР ДОШТЕМУ ЧУН ҲАМЕША ШӮХӢ МЕКАРДЕМУ МЕХАНДИДЕМ.

ДИДОР БА ҚИЁМАТ, АКОИ АЗИЗ!

РАҲМАТИ ХУДОВАНД ҲАМРОҲАТОН!

Киёмиддин Саттори

БОЗ ЯК ХУРШЕД МОРО ТАРК ГУФТ…

Алҳол хабар расид, ки журналисти маъруфи тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамсабақ ва дӯсти даврони ҷавонии мо Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмурод ҷаҳони фониро тарк гуфта, ғарқи уқёнуси раҳмати худовандӣ гардиданд. Марҳум Отамуроди Бекмурод беш аз аз чиҳил сол дар риштаи журналистика фаъолият намуда, дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик саҳми шоиста гузоштаанд.

Парвардигори Бузург дӯсти суханвари моро биомурзад, ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Омин.

Мо як гурӯҳ ҳамсабақони марҳум ба аҳли байти эшон нисбати вафоти устод Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмурод изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Парвардигори олам сабри ҷамил хоҳонем.

Қиёмиддин Сатторӣ, Абдураҳим Раҷабов, Сафар Абдуллоҳ, Бобо Солеҳзода, Иброҳим Юсуфбеков, Наҷот Сафар, Нозирҷон Ёдгорӣ, Бадриддин Мақсудов, Салоҳиддин Амонӣ, Музаффар Холов, Абдулло Ҳалимов, Лутфулло Фазлиддинов, Лутфулло Гиёев, Лоиқ Саидов, Обид Шукурзода, Олимҷон Салимзода, Санамбӣ, Манзура, Солеҳамо, Барно, Кибириё, Сарвар, Қурбонбӣ, Зебо ва дигар ҳамкурсони дуру наздик.

ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ДИГАР НАШУДАСТ

Бознашр аз “Ҷумҳурият”

Мегуфтам дар борааш менависам, аммо ин суол зуд ба андеша омад: кай ва чӣ хоҳам навишт?
Шояд кай навиштан чандон муҳим набошад, чун метавон ҳатто соле баъд навишт ё субҳи ҳамин рӯз, вале чӣ бояд навишт хеле муҳим мебошад. Аз он ки шахси ба дил наздик аст ва ҳатто ба як давраи томи ҳаёти ҷавониам  пайвастагиҳое дорад, ки наметавонам бидуни зикри номи ӯ аз он солҳо ёд кунам.
Отамуроди Бекмурод. Журналисти маъруфи се даҳсолаи садаи гузашта ва шояд ин ном ба имрӯзиён камтар ошност, чун аз хеле замонҳо ба кори дигар рӯ оварда. Ҳарчанд мегӯяд, дар ин як даҳсола ҳам замоне фориғ аз навиштан набуд. Ва ёдам меояд, ки муовини сардабири “Паёми Душанбе” буд, баъдан нашрияи ноҳиявиро бо номи “Шоҳмансур” таъсис дод ва ҳудуди боз як даҳсола сармуҳаррири он ва ҳамзамон сухангӯи сарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳам буд. Илова ба ҳамаи ин шояд даҳҳо мақолаҳояшро дар чандин нашрияи дигар ҳам хондаам. Дар ин муддат чанд китоб ҳам  ба гунаи ҳисоботи кории ӯ дар вазифаи ишғолкардааш ҳамасола рӯйи чопро дида. Вале мехоҳам дар бораи ӯ чун журналист бинвисам, чун ба кори имрӯзааш чандон алоқамандӣ надорам.
Шоҳроҳаш ба журналистика аз пайроҳаҳои танги рустои Угук, воқеъ дар шимоли кишвар шурӯъ шудааст. Аз ҳамин деҳаи хеле кӯчак, вале назаррабои кӯҳистон аввалин мақолааш дар шакли як нома ба “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) ирсол шудаву дар 15-солагӣ миёни ҳамсинфон, ҳамдеҳагон  ӯро маъруф кардааст. Мақолае, ки аз оғози як роҳи ҷадид барои навраси деҳотӣ ово дод.
Мақолоташро зиёд мехондам. Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), ки фаъолият дошт.
Аз ҳамон ошноии аввал танҳо чизе, ки дар хотирам то ба ҳол нақш бастааст, самимият ва шӯхиҳои хеле дилчаспаш буд ва имрӯз ҳам чизе ки аз ӯ медонам, ҳамон шӯхиҳои мантиқиву хандаҳои дилпазираш аст. Ёди беш аз сӣ соли пеш ба сурати умум дигар нашуда.
Дар ин умре, ки беш аз 40 солаш сарфи кори журналистӣ шуд, басо лаҳзаҳое буданд, ки бо гузашти айём зери чанги солҳо монданд. Замоне миёни ҷӯяҳои пунба мегашт, то қаҳрамони рӯзро дар гармои ваҳшатноки Вахшу Мирзочӯл пайдо ва аз рӯзгору кораш, заҳамоташ қисса кунад; замони дигар дунболи пода ҳам мешуд, то аз миёни ин мардону заноне, ки худ зери чангу хоканд, вале ба дастурхони мардум ширу ҷурғоти тоза мефиристанд, қаҳрамони дигар барои ривоёташ кашф кунад. Ва басо миёни ҷавонон дар коргоҳҳои бофандагиву ҳунармандӣ гаштааст, то гузоришгари рӯзгору кори онҳо бошад. Ва ин ҳама талошҳо чун тӯшаи сафари рӯзноманигор ба сурати дастаи лавҳаву очерку гузориш дар саҳфаҳои ин рӯзнома рехтаанд. Ба маънӣ, ҳаёти маъмулии як журналисти одӣ, ки коре ҷуз омӯзиши зиндагии мардум надорад, то аз миёни садҳову ҳазорҳо якеро чун шоистатар аз дигарон барои ҳамин мардум ошно кунад.
Ҳамкоронаш Отамуродро чун мураббии хуб барои навкорон, донишомӯзон ва мухбирони ҷавон медонанд. Раҷабалӣ Исматуллоев, як тан аз журналистони маъруфи кишвар, ки он замон  бо Отамурод ҳамкор буд, хотироти ҷолибе аз рӯзҳои аввали кораш дорад. Ӯ мегӯяд:  “Вақте ман ба кор омадам, Отамуроди Бекмурод аллакай устод буд. Чун корманди як шуъба будем, аз ӯ зиёд мепурсидам. Масалан, номаеро таҳрир мекардам ва наздаш мебурдам ва мегуфтам: “Отамурод, инро бин, мешуда бошад”. Мегуфт, ин ҷо нишин. Менишастам. Мегуфт, ки дар кори журналистика таҳрир нақши муҳим дорад, агар таҳрир карда натавонӣ, журналисти хуб намешавӣ. Ва дар пеши назарам ҳар ҷумларо хондаву таҳрири маро бо асл муқоиса мекард. Хубашро ситоиш мекард, бадашро мефаҳмонд, ки чаро чунин асту чунон нест. Ҳама кумакаш беминнат ва беғараз буд. Бо Отамурод барин шахси нисбат ба шогирд ва зердаст ғамхор нотавониро ҳис намекардем. Вай мекӯшид, ҳамаро рӯҳбаланд кунад. Мегуфт дар ин олам коре нест, ки иҷрои он имконнопазир бошад. Танҳо бояд каме заҳмат кашид. Бо донишҷӯёне, ки таҷрибаомӯзӣ меомаданд, зиёд кор мекард, навиштаҳояшонро таҳрир менамуд”.
Ҳаёти шаҳрии ӯ дар Душанбе аз чанд утоқи танге дар як кӯчаи наздик ба гардиши фурудгоҳ оғоз  ёфт. Дар хонаи пиразани танҳову бекас иҷора менишаст. Дар ҳамон ҳавлӣ солҳои донишҷӯияшро ба поён бурд ва боз чанд соли дигар, то замони издивоҷаш дар ҳамин ҳавлии танг иқомат дошт. Отамурод барои кампири бекас на танҳо як иҷоранишин, балки дастёри беминнат буд. Шамсиддини Насриддин, рӯзноманигори маъруфи кишвар, мегӯяд: “Он солҳо мо – ҷавонони редаксия ду хонаи умед доштем, ки бе мамониат ҳар вақт мехостем, баъди кор рафтаву сарҷамъ фароғат мекардем. Яке манзили ҳамкори марҳумамон Назокат Олимова буд ва дигар ҳамон иҷорахонаи Отамурод. Ва аммо баъди издивоҷ ва рафтан ба иҷораи дигар ва соҳиби хонаи худ шудан ҳам Отамурод ин кампирро фаромӯш накард, то ӯ зинда буд, бо ҳамсараш ба аёдаташ мерафт ва ёрияш мерасонд”.
Апаи Гулчеҳра, ки шояд имрӯз аз нигоҳи собиқаи корӣ солмандтарин корманди “Ҷавонони Тоҷикистон” бошад, мегӯяд, ки “Отамурод дар кӯчае, ки мо мезистем, иҷоранишин буд ва ҳар ду шабона таҳсил мекардему рӯзона кор. Самимияташро дар тамоми тӯли фаъолияти корӣ аз даст надод”.
Отамуроди Бекмуродро ҳамкорон чун шахси масъулиятшинос медонанд ва мегӯянд дар тӯли солҳое, ки мудири шуъба буд ва ё котиби масъул боре нашуда, ки кор дар идора ба мушкил печида бошад. Журналисти шинохта, собиқ  сармуҳаррири “Комсомоли Тоҷикистон” Талъат Нигорӣ дар як суҳбаташ ба муносибати солгарди таъсиси “Ҷавонони Тоҷикистон” гуфтааст, ки замоне сармуҳаррир буд ва Отамурод котиби масъули рӯзнома, ҳар ҷо мерафт, бо хотири осуда мерафт.
 Шамсиддини Насриддин ифихор дорад, ки бо шахсияте чун Отамуроди Бекмурод муддати чиҳил сол ошност, ҳамкор ва дӯсти наздик аст: “Соли 1976, пас аз хатми мактаби олӣ ман дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”  (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор шурӯъ кардам.  Соли 1982 ба “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло Ҷумҳурият) гузаштам.  Ҳамон рӯзҳо Отамурод низ ба ҳамин даргоҳ қадам гузошт.
Дар тӯли замони ошноӣ боре ҳам чеҳраи ӯро хаставу гирифта надидаам. Шояд як бурди ӯ дар зиндагӣ хонаводаи хуб доштанаш аст. Ҳамсарашро мо – ҳамкорон ҳама мешиносем, чун зиёд ба хонааш мерафтем, хеле бонуи меҳрубон, меҳмоннавоз аст. Барои эҷодкор доштани ин гуна ҳамсаре, ки дар ғаму шодӣ дар паҳлуяш бошад, хеле муҳим мебошад”.
Аз назари Раҷабалӣ Исматуллоев, Отамуроди Бекмурод “дар хонавода ҳам самимист. Вақте мо ба хонааш мерафтем, медидем, ки бо фарзандон ва ҳамсараш чӣ гуна муомилаи нек дорад”.
Самимият дар сиришти ӯст, вагарна ӯ низ мисли ҳазорҳо инсонҳо ғаму кулфати зиёдро аз сар гузаронидаву борҳо аз қисмати талх ба танҳоӣ гиристааст. Ман садои гиряҳои талхи ӯро аз мисраъҳои ашъораш, ки танҳо дар як маҷмӯа бо номи “Хӯшаҳои меҳр” чоп шудаанд, шунидам. Дар хурдсолӣ аз модар ятим монд, ҳарчанд падар дубора издивоҷ кард, вале парвариши додарону хоҳари ягона асосан бар дӯши ӯ монд. Ва баъде, ки ба Душанбе омад, боз ҳам беғам набуд, вай чун инсон наметавонист ғофил аз ёди онҳое бошад, ки луқмаи нони бемодарӣ фурӯ мебаранд. Ва даҳҳо мисраъ аз миёни шеърҳояш ҳикоятгари ҳамин ғамҳои дарунии ӯянд. Ва ҷойе аз Худованд илтиҷо мекунад, ки ба хоҳаракаш Наргис сабр ато кунад, то зиёд дар ёди модар нагиряд:
Худоё, сабр бахшо хоҳарамро,
Зи ҷон ҳар дам сиришки ғам наборад.
Ва ин “сиришки ғам”-ро танҳо хоҳар намеборид, балки худи ӯ шабҳое, ки фориғ аз кор мешуд ва дар хона танҳо мемонд, дар хумори чеҳраи гарми модар ва ҳам дар ёди хоҳари зиндаҷудо талх мегирист. Вале ғами ӯро дигар касе намедид, чун одат надорад, ки пеши касон аз мушкили худ ҳарф занад. Мисли он аст, ки ӯ офарида шуда, то мушкили дигаронро шунавад, баҳри ҳалли он талош кунад. Вай танҳо шодиҳояшро бо дӯстон қисмат мекунад, ғамҳоро ба танҳоӣ фурӯ мебарад.
Отамурод имрӯз ҳам ҳамон Отамурод аст, ҳич дигар нашудаст. Вақте вомехӯрем, мебинам, ки ҳамонест, ки 30 сол пеш буд. Танҳо ин ки ба ақл солортару ботамкинтар шуда, вале чеҳраи шукуфонаш нишони ҳамон солҳоро доранд.

Бобоҷон ШАФИЕВ,
рӯзноманигор

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Чоятон чаннат шавад илохим акои азиз!!! Худованд ба наздиконашон сабри чамил ато кунад илохим! Омин

    1. Бародарон ва фарзандони мархум Хочи Отамурод гуяд:

      Ба хамаи шахсоне ки бародари мо Хочи Отамуроди Бекмуродро бо неки едовари кардаанд изхори сипос мекунем.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button