АфғонистонВидеоТоҷикистон

АМРИКО 191 ПАНОҲҶӮИ АФҒОНРО АЗ ТОҶИКИСТОН БЕРУН БУРД (АКС)

Амрико 191 афғони аксаран низомиро, ки дар пайи ғасби Афғонистон  ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, аз Душанбе тавассути ҳавопаймо ба кишвари сеюм интиқол дод. Қарор аст, баъдан онҳо ба Амрико расонда шаванд.

 Дар байни онҳо пилотҳое ҳам ҳастанд, ки моҳи август қабл аз суқути Мазори Шариф ва Кобул зану кӯдакон ва ёру дӯстони худро ба ҳавопаймою чархболҳои низомӣ савор карда, ба Тоҷикистон фирор карданд. Моҳи гузашта дар Конгресси Амрико гуфта шуд, ки пилотҳои афғон 16 чархболу ҳавопаймои ҳарбиро ба Тоҷикистон гурезондаанд.

Мақомоти Амрико ҳамин тавр, чанд хабарнигори афғонро, ки дар пайи суқути Афғонистон ба дасти Толибон дар Тоҷикистон дармонда буданд, бо ҳамин ҳавопаймо берун кашидаанд.

Ба куҷо парвоз кардани ҳавопаймо расман эълон нашудааст, вале бархе аз пилотҳои афғон дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон додаанд, ки онҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба фурудгоҳи Абӯ Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз карда истодаанд.

Ёдовар мешавем, қаблан мақомоти Амрико низомиҳои афғони ба Ӯзбекистон фироркардаро низ ба Абӯ Забӣ интиқол дода буд. Ҳамин тавр, раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва атрофиёнаш, ки гуфта мешуд, бо 4 ҳавопаймои пури пули нақд ба Ӯзбакистон фирор карда буданд, низ аз онҷо ба Абӯ Забӣ интиқол дода шуданд.

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон дар нимаи аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонистанд тақрибан тамоми қаламрави Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро ба даст биоранд. Дар пайи суқути паиҳами шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар рӯзҳои 13 ва 14 август чанд ҳазор аз аскарону афсарони Урдуи давлатии Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Аз ҷумла даҳҳо пилот чархболу ҳавопаймоҳои ҷангиро аз Толибон ба кишварҳои дигар гурезонданд. Ахиран гузориш шуд, ки чоряки чархболу ҳавопаймоҳои ҷангии Урдуи давлатии Афғонистонро ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бурдаанд.

Пилотҳои афғон дар Тоҷикистон наздики се моҳ дар ду осоишгоҳ берун аз Душанбе зери назорат қарор доштанд. Аз ин осоишгоҳҳо бидуни иҷозат берун баромадани онҳо мамнӯъ буд, вале онҳо имкони тамос бо берун аз тариқи телефону Интернетро доштанд. Дар ин байн мақомоти амрикоӣ масъалаи чӣ гуна берун бурдани онҳоро аз Тоҷикистон баррасӣ мекарданд. Як мушкил ин буд, ки аксари онҳо ба сурати шитобзада ва бидуни ягон санаду шиноснома тарки Афғонистон карда буданд ва ба ҷуз аз ҳуҷҷати халабонӣ ягон санади дигар бо худ надоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button