САФАРИ МУҲИМИ АҲМАДИ МАСЪУД БА ЭРОН ВА МУЛОҚОТҲОЯШ БО ХОМАНАӢ ВА ИСМОИЛХОН

Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, як эътилофи умдаи зидди режими нави Толибон, ба Эрон сафар карда ва дар шаҳри Машҳад бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва дигар мақомоти расмии Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин волии собиқи Ҳирот Исмоилхон, ки баъди тасарруфи Ҳирот аз сӯи Толибон ба Эрон паноҳ овардааст, мулоқотҳо доштааст.
Як манбаъи хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” дар Эрон пиромуни мавзӯъҳои матраҳшуда дар мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Алӣ Хоманаӣ гуфт: “Дар ин мулоқот Оятуллоҳ Хоманаӣ аз раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хостааст, ки талош кунад бо “Толибон”* аз дари сулҳу салоҳ ва музокира бо “Толибон” масъалаи буҳрони Афғонистонро ҳал кунад. Вай гуфтааст, танҳо роҳи ҳалли низоъ ва ҷилавгирӣ аз фоҷиаҳои оянда дар Афғонистон эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои матраҳи сиёсӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол, Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи 8 ноябр дар нишасти хабариаш дар робита ба сафари Масъуди хурдӣ ба Машҳад изҳороти норавшане кард.
Ӯ бидуни тасдиқ ё тардиди хабари сафари раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Эрон гуфт, сафарҳо ба Эрон бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар паҳлӯҳои мухталифи ҷомеъа ва гурӯҳҳои мадании Афғонистон сурат гирифтаанд.
Қаблан аз қавли сухангӯи Амир Исмоилхон дар шаҳри Машҳади Эрон гузориш шуда буд, ки Аҳмад Масъуд ва Исмоилхон рӯзи 3 ноябр мулоқот кардаанд. Рӯзномаи эронии “Ормони миллӣ” навишт, ки Аҳмад Масъуд бо худ паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Исмоилхонро низ ба Машҳад бурдааст. Бино ба иттилои нашрия, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дигарбора ба заруратиташкили як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон таъкид кардааст.
Эрон дар баробари Русияву Ҳинд дар нимаи дуюми солҳои 90 ва аввали солҳои 2000 аз пуштибонҳои асосии Эътилофи шимол буданд, ки таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмади Масъуд, ба зидди режими қаблии Толибон меҷангид. Кумакҳои ҳомиёни Эътилофи шимол, аз ҷумла ёриҳои Эрон, он замон асосан аз тариқи Тоҷикистон расонда мешуд.
Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон, ки ин бор ҳам мавқеи ошкоро мухолифи режими нави Толибонро интихоб кардааст, Эрон ин навбат ба мисли Русия мавқеи муҳтотонаро ихтиёр кардааст ва дар ҳоле ки ба зарурати ташкили як ҳукумати фарогир дар Кобул таъкид мекунад, ҳамзамон бо ҳукумати Толибон низ роҳҳои тамос меҷӯяд.