ВидеоМуҳоҷирон

РЕПОРТАЖ АЗ МИРТЛ-БИЧ – ЯК ШАҲРАКИ ТОҶИКНИШИНИ АМРИКО (ВИДЕО)

Журналисти тоҷики муқими Амрико Беҳзод Исомиддинов дар гуруҳи “Тоҷикони Амрико” дар Фейсбук видеоеро аз шаҳраки Миртл-Бич (Мёртл Бич, Myrtle Beach)-и аёлати Каролинаи ҷанубӣ нашр кард. Беҳзод Исомиддинов мегӯяд, дар як маҳаллаи ин шаҳраки воқеъ дар соҳили Уқёнуси Атлантик аксари сокинонро тоҷикон ташкил медиҳанд: ҳам тоҷикҳои Ӯзбекистон ва ҳам тоҷикҳои Тоҷикистон.

Бино ба нақли Беҳзод Исомиддинов, дар ин маҳалла, ки аз коттеҷҳои дуқабата иборат аст, тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд. “Бубинед, он тарафи роҳ ҳам хонаи тоҷик, ин тараф ҳам тоҷик. Инаш ҳам тоҷик, онаш ҳам. Дар байни онҳо шояд як ё ду амрикоӣ ё мексикоӣ ҳам зиндагӣ кунад, вале аксари сокинони Миртл-Бич  тоҷикҳоянд”, –  гузориш медиҳад Беҳзод аз як кӯчаи ин шаҳрак.

Ӯ ҳамин тавр, вориди яке аз ин хонаҳои бачаҳои тоҷик мешавад, ки дар он сӯи уқёнус ҳам бо усули тоҷикона зебу зиннат дода шудааст: ҳама ҷо пур аз қолинҳо бо нақшу нигори шарқӣ, тирезаҳои  пардапӯш ва албатта,  дар бари рахти хоби муосир – як раф кӯрпачаҳои тоҷикӣ!

Шаҳраки Миртл-Бич (Myrtle Beach) дар тӯли соҳили уқёнуси Атлантик  ҷойгир шуда, аз Литл Ривер то ба Ҷорҷтаун, ба қавли маъруф, “қад кашидааст.”  Мёртл-Бич яке аз осоишгоҳҳои машҳур дар ин минтақа ба шумор меравад.  Мардум ба инҷо нафақат барои оббозӣ дар уқёнус ва офтоб хӯрдан меоянд, балки дар инҷо барои ҷалби сайёҳон ҳамчунин як силсила иншооти тафреҳӣ, ба мисли Family Kingdom Amusement Park,  Freestyle Music Park, Broadway at the Beach, парки  Myrtle Waves сохта шудааст, ки ахирӣ яке аз бузургтарин парки аттраксионҳои обӣ дар соҳилҳои шарқии Амрико ба шумор меравад. Дар Миртл-Бич ҳамчунин ҳудуди 40 майдони голф низ бунёд кардаанд.  Аксари тоҷикҳо дар Миртл-Бич низ зиндагии худро аз ҳисоби хидматрасонӣ ба сайёҳон ба роҳ мондаанд.

Ҳар сол, ба ҳисоби миёна, то 500 оила аз Тоҷикистон тавассути лотереяи Грин корт ҳаққи иқомат дар Амрикоро ба даст оварда, ба он кишвар мекӯчанд. Чанд сол пеш оморе нашр шуд, ки аз аввали асри 21 беш аз ҳазор оила аз Тоҷикистон барои зиндагии доим ба Амрико кӯч бастаанд.

Ҳиҷрат ба Амрико аз Ӯзбекистон вусъат ва доманаи хеле бузургтар дорад. Бахусус дар байни тоҷикони Самарқанд, ки ҳазорон нафараш зиндагӣ дар Амрикоро ихтиёр кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бехтарин икдом дар кучое ки миллатамон бошад сихат бошанд саломат бошанд доимо хушбахт бошанд

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button