ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МАСТ БУД… 4 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ПУЛИС ДАР ТЮМЕН

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Тюмени Русия рӯзи 8 ноябр  шаҳрванди 31-солаи қаблан ҳам судшудаи Тоҷикистон Диловар Муҳитдиновро бо ҷурми латтукӯби корманди пулис ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Тюмен дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки “додгоҳ Муҳитдиновро дар истифодаи зӯроварии ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок нисбат ба намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиаш гунаҳкор шинохт ва 4 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард.”

Бар асоси маводи парванда, рӯзи 9 январи соли 2021, тақрибан соати 9, ба пулис занг хада, хабар додааст, ки дар бинои №15А дар кӯчаи Олимпийская як мард  тартиботро вайрон карда истодааст. Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки: “Пулис ба ҷои ҳодиса омад. Дар онҷо алакай кормандони “Ёрии таъҷилӣ” ҳозир шуда буданд, то ба марде, ки масти лояқил ва ғарқи хун буд, ёрӣ расонанд. Дар хона тамоми мизҳо ҳар сӯ партофта шуда, шишаи тиреза шикаста шуда буд. Диловар ба табибон имкон намедод, ки ӯро бубинанд. Баъди онки корманди пулис аз авбош талаб кард, ки муқобилиятро бас карда, бо ӯ ба шуъбаи пулис биравад, ӯ электрошокерро гирифта, бо он ба сари корманди пулис задааст.”

Дар мурофиаи додгоҳӣ Диловат Муҳитдинов гуноҳи худро танҳо қисман эътироф кард. Ӯ аз корманди пулис узр пурсид ва гуфт, аз кори кардааш сидқан изҳори пушаймонӣ мекунад. Вале бо ин вуҷуд додгоҳ, ба ӯ ҷазои тақрибан ҳадди аксар: 4 соли зиндонро раво дид.

Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва Муҳитдинов метавонад аз он шикоят барад.

Бино ба омори ФСИН, хадамоти федералии зиндонҳои Русия, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва тақрибан 1200 зодаи дигари Тоҷикистон таҳти тафтиш дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доштанд. Тоҷикон дар Русия асосан барои ҷурмҳое, чун тақаллуби аснод, қочоқи маводи мухаддир, садамаҳо, авбошӣ маҳкум ба зиндон мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button