ВидеоКоррупсия

ҲУҶҶАТИ РОНАНДАГИРО 8200 СОМОНӢ ФУРӮХТАНӢ БУДАНД…

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи мудири мактаби  ронандагии ҶДММ “Чархи Роғун”-и шаҳри Истаравшан Неъматулло Ибодуллозода ва шарики ӯ шаҳрванд Илҳомҷон Абдуллоев  хабар дод.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ибодуллозода Неъматулло дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ “Чархи Роғун”-и ш. Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович, барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз шаҳрванд “А” маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта боз оварда додани боқимонда маблағи 3200 сомониро талаб намудаанд.”

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ибодуллозода “бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3200 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Ибодуллозода ва Абдуллоев бар асоси бандҳои “б”, “в” ва “г”-и қисми дуюми  моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  ба қаллобӣ бо истифода аз мансаб аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ки ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ овардааст, айбдор мешаванд.

 Ба онҳо бар асоси ин бандҳои қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button