ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН БОЗ НИМ МИЛЛИОН ВОЯИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ДОД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 7 ноябр аз Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона боз ним миллион воя ваксинаи «CoronaVac»»-и истеҳсоли ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд. Дар маросими қабули ваксина дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Чин ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштаанд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон то имрӯз дар чорчӯби барномаи ҷаҳонии дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус (COVAX) ва кумакҳои кишварҳои алоҳида  5 миллиону 686 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст. Тақрибан нисфи ин ваксинаҳо: 2,8 миллионашро Хитой ва якуним миллионашро Амрико ба Тоҷикистон додааст.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати тандурустӣ, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз  «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech»-и ИМА ва «Спутник V»-и Русия ба зидди  коронавирус ваксина бигиранд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, то 4 ноябр  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 710 ҳазор нафар, яъне 46,5%  шаҳрвандони мамлакат бар зидди бемории коронавируси COVID-19 ваксинатсия карда шуданд. 2 миллиону 161 ҳазору  995 нафар, ё 37,1%- алакай ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 13 сентябр ба ин тараф, дар тӯли тақрибан ду моҳи ахир ҳамагӣ ду ҳолати нави сирояти коронавирусро тасдиқ кардаасту халос.

Ин дар ҳолест, ки ҷамъи гирифторони ин вирус дар саросари ҷаҳон аз 250 миллион гузашта, шумори қурбониёни ин бемории қаттол марзи 5 миллион нафарро убур кардааст.

Вазъият бахусус дар Русия, ки садҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, сахт ташвишовар аст. Рӯзи 8 ноябр дар ин кишвар боз 39 ҳазору 4000 мавриди нави сироят ба коронавирус ошкор ва марги боз 119о нафар аз ин вирус сабт шудааст. Инак тақрибан як моҳ боз ҳар рӯз дар Русия то 40 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, ин бемории қаттол ҳар рӯз ҷони беш аз 1000 нафарро мегирад.

Табиист ки як бахши гирифторону қурбониёни коронавирусро дар Русия муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Ва бисёриҳо дар ташвишанд, ки мавсими бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия, ки дар ин шабу рӯз дар ҳоли авҷ гирифтан аст, метавонад василаи ба мавҷи нави коронавирус рӯбарӯ шудани Тоҷикистон шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button