ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ФАХРИДДИН ҲАКИМОВ АЗ ТОҶИКИСТОН ҲАМАРО ДАР ОЗМУНИ Х-ФАКТОР ДАР ТВ БЕЛАРУС ҚОИЛ КАРД (ВИДЕО)

Овозхони ҷавон аз Тоҷикистон Фахриддин Ҳакимов  дар озмуни Х-Фактор дар телевизиони Беларус ҳам ҳакамон ва ҳам тамошобинонро қоил кард.  Фахриддин таронаи Максим Фадеев «Танцы на стёклах» (“Рақс дар рӯи шиша”)-ро чунон зебо ва олиҷаноб хонд, ки ҳар се узви ҳайъати ҳакамон барояш “Бале” гуфтанд ва барои иштироки овозхони тоҷик дар даври баъдии озмун роҳхат доданд.

Фахриддин дар бораи худ нақл кард, ки аз хурдӣ ба таври ҷиддӣ машқи гуштини юнониву румӣ мекард ва орзу дошт, ки чемпиони олимпӣ шавад, вале зарурати таъмини рӯзгори хонавода маҷбураш кард, ки аз  паси ҷустуҷӯи кор шавад ва варзишро бо орзуи чемпиони олимпӣ шудан як сӯ гузорад.

Фахриддин бо худ як села медалҳои дар мусобиқаҳоти гуногун ба даст овардаашро низ ба ин озмун ҳамроҳ оварда буд ва намоиш дод. Ӯ ба муҷрии барнома то чӣ андоза устоди гуштин буданашро ҳам намоиш дод ва барандаро бо як ҳилаи моҳиронаи гуштингирӣ тоб дода, ба осмон бардошт. Баранда зуд таслим шуд ва аз Фахриддин хост, ки ба саҳна барояд.

Фахриддин гуфт, ахиран дар худ ҳунари наверо кашф кард ва акнун мехоҳад ҷиддан машғули овозхонӣ шавад.

Дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фахриддин Ҳакимов дар бораи худаш навиштааст, ки мактаби миёнаи №2-ро  дар шаҳри Истаравшан хатм кардааст ва ҳоло дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button