АфғонистонВидеоТоҷикистон

РУСИЯ ДАР ПАЙИ БАД ШУДАНИ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 20 МАШҚУ МАНЁВР ГУЗАРОНДААСТ

Ҳавзаи ҳарбии марказии артиши Русия ба бад шудани вазъ дар он сӯи дарёи Омӯ ба тарви бояду шояд вокуниш карда, дар пасманзари бад шудани вазъи Афғонистон дар тамрингоҳҳои воқеъ дар Тоҷикистон дар вақтҳои охир беш аз 20 машқу тамрину манёври ҳарбӣ доир кардааст. Дар ин бора  рӯзи 8 ноябр ба журналистон дар ҳошияи машқи нави “Нерушимое братство” дар Тотористон фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии марказии артиши Русия генерал-полковник Александр Лапин хабар дод.

Ба гуфтаи генерали рус, ин манёврҳо дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ, Мӯмирак ва дигар машқгоҳҳо баргузор карда шуданд. Ӯ афзуд, ки сол ҳанӯз ба охир нарасидааст ва машқҳои дигаре дар пешанд.

Генерал Лапин гуфт, дар ин авохир дар пасманзари бад шудани вазъи Афғонистон ҳамчунин таслиҳот ва техникаи ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонбо мошинҳои ҷангии навтарини БМП-2, маҷтамаъҳои сайёри мушакии “Верба”, автоматҳои “Калашников” АК-12, камонҳои снайперии муосири “Корд”, огнемётҳои навтарин, мошинҳои санитарии “Линза”  мусаллаҳ гардонда шуд. Моҳи ноябру декабри соли ҷорӣ ин пойгоҳ боз бо 30 тонки муосири Т-72Б3М тақвият дода хоҳад шуд.

Навсозии таслиҳоти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари шадидан тағйир ёфтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад. Дар Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ қудратро ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон соҳиб шуданд.

Ҷунбиши Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шавад. Аксари шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, ба Толибон тақрибан бидуни ҷанг таслим шуданд. Танҳо вилояти Панҷшер  ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ба Толибон таслим нашуд. Дар ин ду минтақа нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ба зидди режими нави Толибон меҷанганд. Меҳвари нирӯҳои ин ҷабҳаро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button