ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

МАНОБЕЪ: НАҚШАИ БА РУСТАМ СУПОРИДАНИ КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТ БОЗ БА ҚАФО АФТОД

Манобеи гуногуни дар дохили ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, нақшаи аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президентӣ “ба сабабаби баъзе нигарониҳои ҷиддии амниятӣ” боз ба таъхир гузошта шуд.

Қаблан гуфта мешуд, ки омодагиҳо ба интиқоли қудрат дар Душанбе идома дорад ва шояд алакай баъди таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлол Эмомалӣ Раҳмон баъди 29 соли роҳбарӣ билохира курсии президентиро ба писараш бисупорад. Тибқи ин нақша, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат умури бахшҳои умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро дар дастони худ бояд ҳифз мекард, вале идораи рӯзмарраи кишвар ба дасти Рустами Эмомалӣ мегузашт. Аммо   манбаи “Бомдод” гуфта буд, ин нақшаи тағйироти бузург дар арши сиёсии Душанбе танҳо яке аз сенарияҳост, ки вобаста ба таъсири омилҳои мухталиф ё иваз шудани авзоъ, аз ҷумла дар он сӯ ваё ҳатто дар ин сӯи Омӯ  метавонад иваз шавад ё тағйир ёбад.

МАНБАЪ: БАЪДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТИ БУЗУРГ МЕШАВАД ВА ҲУКУМАТИ НАВ РӮИ КОР МЕОЯД

Ҳамсуҳбатони огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” мегӯянд, як омили асосие, ки ин нақшаро инак бори дуюм ба қафо андохт, маҳз тағйироти ахири сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон ва ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон дар Кобул аст. Ёдовар мешавем, ибтидо қарор буд, курсии президентӣ алакай дар интихоботи президентии соли 2020 ба дасти Рустами Эмомалӣ гузарад, вале он вақт ба мухолифони ин нақша муяссар шуд, Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кунанд, ки боз як соли дигар дар ин курсӣ монда, ҷашни сисолагии истиқлолро худаш гузаронад ва ба писараш як соли дигар фурсат бидиҳад, то таҷрибаи бештари раҳбарӣ биандӯзад.

“Эмомалӣ Раҳмон баробари ғасби Кобул аз сӯи Толибон дар миёнаи моҳи август нисбат ба онҳо мавқеи ошкоро мухолиф гирифт ва аз он тоҷикҳои Афғонистон, ба муқобили Толибон меҷанганд, пуштибонӣ кард. Толибон аз он сӯ таҳдид карданд, ки Тоҷикистонро дар 24 соат хоҳанд гирифт. Дар ин шароит дар арши сиёсии Душанбе салоҳ донистанд, ки бояд худи Эмомалӣ Раҳмон боз як муддати дигар дар мақом бимонад, чунки таҳаввулот хеле бо суръат пеш меравад ва ҳоло Душанбе барои пеш бурдани манфиатҳояш ба раҳбари пурнуфуз ва бовазне мисли ӯ ниёз дорад. Вале нақшаи таҳвили қудрат аз падар ба писар бекор нашудааст, дар дасти баррасӣ боқӣ мондааст, танҳо як муддати дигар ба таъхир гузошта шуд”,  – гуфт як манбаи “Бомдод”.

Манбаи дигар дар ақиб гузоштани ин нақша таъсири ҷиноҳи, ба гуфтаи ӯ, “воқеъбин” дар дохили ҳукуматро ҳатто нисбат ба омили Афғонистон асоситар мешуморад. Ӯ мегӯяд: “Ҳарчанд нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар ба сурати хеле махфӣ ҷараён дошт, вале зоҳири кор ҳаминро мегӯяд, ин нақша ба қафо гузошта шуд. Омили Афғонистон дар ин масъала баъдҳо илова шуд, вале омили асосӣ ва ҳалкунанда набуд.  Иттифоқи назари доираи дарун ҳосил шуда буд, аммо чанд номуваффақӣ корро зоҳиран ба ақиб андохтанд”.

Ба ақидаи ин манбаъ, “чун писар дар гумрук ва коррупсия бештарин бохтро дошт, воқеъбинон онро намехоҳанд ва ҳама талошро барои амалӣ нашудан карда истодаанд.”

Ӯ дар ин мавриди шарҳи бештар надод, вале тавре ба назар мерасад,  ба далели муҳимтар шудани нигарониҳои амниятӣ, дар оркестри Эмомалӣ Раҳмон сози аввал дигарбора ба дасти роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ афтодааст. Барои намуна, метавон аз “фабрикаи ҷавоб” мисол овард, ки баъди ба Тошканд “бадарға” шудани асосгузор ва раҳбари пушти пардааш Абдуҷаббор Раҳмонзода ин “фабрика” ҳам тақрибан аз кор монда буд, вале тайи ягон ду моҳи охир ҷони дубора гирифт. Ҳамин тавр, Саймумин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), ки тобистони соли ҷорӣ ба ҳошия тангаш карда буданд, дигарбора ба радди аввал баргашт ва дар чанд нишасти ахири байналмилалӣ дидем, ки дар канори Эмомалӣ Раҳмон нишастааст. Ахиран ҳатто кадри КДАМ генерал Алишер Мирзонаботро и.в. раиси  минтақаи аз лиҳози стратегӣ хеле муҳими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карданд, ки низ аз дигарбора боло рафтани нуфузи Ятимов дар арсаи сиёсии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Ҳамчунин Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД (УБОП), ки ба далели паёмадҳои манфии истирдоди Иззат Амон  ҳадафи танқиди бархе доираҳои ҳоким қарор гирифта буд, тавонист мавқеи худро барқарор карда, моҳи август баъди ду сол боз аз дастгоҳи президент гаштани номзадиаш билохира унвони генералиро ба даст биорад ва ноил шавад, ки Иззат Амонро ҳам ба ҷои афв ба 9 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ин дар ҳоле буд, ки тибқи нақшаи қаблӣ, баъди таҳвили курсии президентӣ ба Рустами Эмомалӣ, қарор буд, раҳбарони ВКД ва КДАМ бо намояндагони  ҷиноҳи либерал иваз шаванд ва сиёсати дохилии кишвар, ки чанд соли охир хеле саркӯбгарона буд,  низ тағйир бихӯрад.

Вале Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи курсии президентӣ ба як бозигари ба таври бесобиқа фаъол дар масоили минтақа, ба вижа Афғонистон табдил ёфта, аз ҳисоби пуштибонии бечунучарои тоҷикҳои Афғонистон рейтингашро дар  байни мардум ба таври фавқулодда боло бурд.

Як манбаи огоҳи пойгоҳи “Бомдод” мегӯяд: “Ба мардум хуш омад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳимоят аз ҳаққи тоҷикҳои Афғонистон чунин пойфишорӣ мекунад. Баракс рейтинги мухолифини ӯ, ки ҳам дар масъалаи Афғонистон ва ҳам пештар дар масъалаи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон мавқеи духӯра гирифтанд, хеле коҳиш ёфт. Амалан иштибоҳҳои худи мухолифин дар ин ду масъалаи калидӣ барои коҳиши нуфузи онҳо хеле бештар аз талошҳои чандинсолаи мақомоти амниятӣ бо тамоми дову дастгаҳу “фабрикаи ҷавоб”-ашон бештар таъсир дошт.  Ва агар талотуми ҳодисот ба гунае шавад, ки Толибон ба ягон иғвои калон роҳ диҳанд ва дар ҷавоб, Тоҷикистон бо кумаки Русия вилоятҳои тоҷикнишини шимоли Афғонистонро аз Толибон ва амалан аз Кобул ҷудо кунад, он гоҳ рейтинги Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ ба фалак мерасад ва ӯ ҳамчун президент, балки ҳатто шоҳи кишваркушой дар таърих хоҳад монд. Чунин сенария ҳам дар дасти баррасӣ ҳаст ва ҳарчанд эҳтимоли ба воқеият табдил ёфтанаш хеле ночиз аст, вале албатта, Эмомалӣ Раҳмон ҳам мехоҳад, ки ин кор, агар сурат бигирад, дар аҳди раёсати ӯ сурат бигирад ва ба номи ӯ рақам зада шавад.”

Вале ҳамаи ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, дар ҳар сурат, нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳамчунон дар дастури кор боқӣ мемонад ва шояд бо беҳтар шудани вазъ дар Афғонистон ба ин масъала баргарданд. Барои мисол, дар тирамоҳи соли 2022, ки Эмомалӣ Раҳмон ба синни 70 ва замони раёсаташ бар Тоҷикистон дуруст ба 30 сол  мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button