ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

АЗ НОНИ ДАҲОНИ АСКАРБАЧАҲО МЕЗАД: СӮҲРОБ САЛИМЗОДАРО 3 СОЛ ПЕШ ҲАМ АЗ ПРОКУРАТУРА ПЕШ КАРДА БУДАНД, ВАЛЕ…

Ҳафтаи гузашта муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода ва сардори ШВКД-2 ин ноҳия Зафар Исмоилзода ба далели тафтиши нодурусти парвандаи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова аз кор барканор карда шуданд. Сӯҳроб Салимзода аз ҷумла ба он айбдор шудааст, ки ғайриқонунӣ қарори озод кардани гумонбаршавандаи асосӣ Азиза Давлатоваро имзо кардааст.

Ин қазия танҳо баъди дахолати шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таҳти тафтиши мӯшикофона қарор гирифт ва маълум шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино мехостанд ин парвандаро ҳаллу вал кунанд. Рустами Эмомалӣ рӯзи 1 ноябр дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сипас президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи   2 ноябри ҳукумати Тоҷикистон рӯирост гуфтанд, ки дар пушти кӯшиши пӯшондани парвандаи Мадина Мамадҷонова коррупсия истодааст ва чанд мансабдори баднафс истодаанд.

Маълум мешавад, ки Сӯҳроб Салимзода инак бори дуюм аз мақомаш бо ҷурми даст задан ба қонуншиканӣ ронда мешавад. Агар мубориза бо коррупсия дар кишвар дуруст ба роҳ монда мешуд, ҳеҷ имкон надошт, ки Сӯҳроб Салимзода баъди бори якум ронда шуданаш аз мансаби муовини додситони ҳарбии гарнизони Суғд дар мақомоти додситонӣ нафақат барқарор шавад, балки ба мақоми баланди муовини аввали прокурори ноҳияи Сино бирасад.

Яқинан, дар бозгашти ӯ боз ҳам коррупсия ва хешутаборбозӣ нақш доштааст: Сӯҳроб Салимзода бародарзодаи Шерхон Салимзода, як узви дар гузашта пурнуфузи ҳукумат аст, ки дар вақташ дар мақомҳои баланди додситони кул, раиси Агентии мубориза бо коррупсия, раиси Агентии зидди маводи мухаддир ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба кор кардааст.

Сомонаи “Ахбор” се сол пеш дар як матлаб бо номи “Аз нони даҳони аскарбачаҳо мезад: Барканории муовини додситони ҳарбии Суғд” хабар дода буд, ки Сӯҳроб Салимзода моҳи декабри соли 2018 аз мақоми муовини додситони ҳарбии гарнизони Суғд  ба далели ошкор шудани мавридҳои фаровони коррупсия дар бахши таъмини хӯрокворӣ барои қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Суғд барканор карда шуд. Дар гузориш бо такя ба хулосаи тафтишот гуфта мешуд, ки Сӯҳроб Салимзода аз вазифааш сӯиистифода карда, бо Раёсати агентии таъмини амволи махсус дар вилояти Суғд шартнома бастааст ва бо имкониятҳои доштааш навъҳои гуногуни маҳсулотро тонна-тонна ба кишвар ворид карда, ба Агентии амволи махсус месупорид. Баъдан агентӣ ин маҳсулотро ба қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Суғд тақсим мекард.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Ахбор”, Сӯҳроб Салимзода тавассути ширкатҳое, ки дар рӯи қоғаз ба номи дигарон сабт шуда, дар асл ба худи вай тааллуқ доштанд, таъмини қисмҳои низомӣ бо маҳсулоте, мисли консерваҳои гӯштӣ, моҳӣ, тухм ва равғани зардро “монополия” карда буд.

Ин маҳсулот ба қисмҳои низомӣ нафақат бо нархи нисбат ба бозор чанд маротиба қиматтар бор карда мешуд, балки аксар вақт сифати хеле паст дошта, истеъмолаш барои саломатии сарбозон зарар доштааст.

Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон бо онки садҳо миллион сомонӣ пули буҷаро мечархонад, як ниҳоди хеле ношаффоф боқӣ  монда, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ ном бурда мешавад.

Сӯҳроб Сафарзода тақрибан 14 сол боз дар сохторҳои додситонии ҳарбӣ кор мекард ва аз соли 2014 муовини додситони ҳарбии гарнизони Суғд буд.

Ҷараёни ҳодисоти баъдӣ нишон доданд, ки ҷияни собиқ додситони кул аз ин “проблема” ба осонӣ халос хӯрда, дар додситонӣ боз мақоми баланд гирифтааст. Ин бор бубинем, ки оё кори ӯ ба куҷо хоҳад кашид?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button