ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

6 КАБӮТАРРО АЗ ЧЕЛЯБИНСК БА ТОҶИКИСТОН “ДЕПОРТАТСИЯ” КАРДАНД

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Челябинск ва Кургани Русия хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 5 ноябр ҳангоми тафтиши бағочи дасти мусофирони хатсайри № 2812 Душанбе –Челябинск дар дасти як мусофир  6 кабӯтарро пайдо карда, монеи ба Русия даровардани онҳо шудаанд.

 «Шаҳрванди ҷумҳурим Тоҷиктстон мехост 6 сар кабӯтарро бидуни асноди лозим дар бораи вазъи санитарии маҳалли парвозаш ва саломатии ин паррандагон вориди Русия кунад. Ба Русия даровардани ин паррандагонро манъ карда, онҳоро бо нахустин парвоз ба Тоҷикистон пас фиристоданд”, – хабар додааст Росселхознадзор.
Соҳиби ин кабӯтарҳоро бошад барои вайрон кардани қоидаҳои байторӣ ҳангоми ворид кардани паррандагон ба қаламрави Русия тибқи моддаи 10.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, ҷарима бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, идораи Росселхознадзори вилорятҳои Саратов ва Самара хабар дод, ки тайи моҳи октябр дар фурудгоҳи “Курумоч”-и Самара аз 402 мусофире, ки аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон тариқи Самара вориди Русия шуданд, дар маҷмӯъ 1110 кило маводи хӯрокворӣ мусодира гардида, таҳти назорати кормандони ин идора нобуд карда шудааст.

Гуфта мешавад, маҳсулоти мусодирашуда асосаназ чормағз, меваву сабзавот, хушкмева, биринҷ, кабудӣ, зира ва амсоли ин иборат будааст.

Росселхознадзор аз соли 2012 воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои дигарро ба Русия маҳдуд кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳадафаш аз ин маҳдудиятҳо пешгирӣ аз овардани ҳашароту зараррасон ва микробҳо ба Русия  тавассути меваву сабзавот ва хушкмеваҳост.

Росселхознадзор ҳамин тавр, ба Русия овардани ҳайвонот ва паррандагонро бидуни асноди  лозими ветеринарӣ иҷозат намедиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button