ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

СБЕРБАНК ДАР МАСКАВ КОРМАНДОНЕРО МЕҶӮЯД, КИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКӢ ВА ҚИРҒИЗИРО ДОНАНД

Сбербанк (Сбер), бузургтарин бонки Русия ва тамоми паҳнои Шӯравии собиқ, эълон додааст, ки дар Маскав нафаронеро, ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар сатҳи В2 балад бошанд, яъне ба ин забонҳо роҳат фикри худро баён ва суҳбат карда тавонанд, ба кор мегирад.

Таҷрибаи кор ва маълумоти махсусе, ба ҷуз аз маълумоти миёна талаб карда намешавад. Аз довталабон танҳо хоста шудааст, ки бояд меҳрубон бошанд, ба дигарон кумак кунанд, бо ҳама забон ёфта тавонанд, аз субҳ то шом сари по истода, кор карда тавонанд ва бо планшету смартфон кор карда тавонанд.

Маоши   ин мушовирон пеш аз андоз 67 ҳазор рубл буда, Сбербанк ҳамчунин ба онҳо мукофот, рушди карйера, суғуртаи тиббии ДМС, ки хидматрасонии духтурони дандон дар беҳтарин бемористонҳои Маскавро дар бар бигирад, ваъда додааст. Кормандон ҳамчунин метавонанд тавассути вебинару тренингҳо ва таҳсил дар Донишгоҳи корпоративии Сбер маълумоти худро такмил диҳанд, ҳаноми таваллуди кӯдак ва дар вазъияти мушкили зиндагӣ аз ин корхона кумаки молиявӣ дарёфт кунанд, ба қарзу барномаҳои боимтиёзи нафақа дастрасӣ пайдо кунанд.

Вазифаҳои мушовир дар эълон чунин баён шудааст:

  • бифаҳмад, ки муштарӣ барои чӣ коре ба бонк омадааст ва ӯро ба назди мутахассиси зарурӣ бифиристад
  • дар бораи бартарии хидматрасониҳо ва маҳсулоти Сбер ба муштариён нақл кунад
  • ба муштариён тарзи истифода аз хадамоти интернетӣ ва маҳсулоти Сберро ёд диҳад.

Барои супоридани ҳуҷҷатҳояшон ба довталабон лозим аст, ки худро дар сомонаи https://hh.ru/  дар суроғаи: https://hh.ru/vacancy/43635983  сабти ном кунанд.

Сбербанк қаблан барои ҷалби муштариён аз байни муҳоҷирони корӣ таблиғоти худро ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда буд. Истихдоми коргароне, ки ин забонҳоро бидонанд, зоҳиран баёнгари талошҳои нави ин бонки бузург барои таҳкими ҷои пояш дар байни муҳоҷирони кориест, ки ҳар сол аз Осиёи Марказӣ барои мардикорӣ ба Русия меоянд. Ба ҳисоби ВКД Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2021 3,4 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон, 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ва 751 ҳазор аз Қирғизистон, дар маҷмӯъ беш аз 6 миллион нафар танҳо аз ин се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ худро дар идораҳои муҳоҷирати Русия сабти ном кардаанд. Беш аз 5,2 миллион нафари онҳо дар санадҳои худ зикр кардаанд, ки ба Русия на барои тамошо ё истироҳат, балки ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Ба эълони Сбербанк барои ҷустуҷӯи коргар «Комсомольская правда» таваҷҷуҳ кардааст. Ҳамсуҳбатони нашрия  изҳори итминон кардаанд, ки ин эълон дар байни муҳоҷирон довталабони зиёде пайдо хоҳад кард.

 “Албатта, барои муҳоҷирон кор кардан дар як ширкати бузург ва нишастан дар офис роҳаттар аст, чунки ширкатҳои бузург маъмулан қонуни корро риоя мекунанд. Вале ин муҳоҷиронро аз тиҷорати хурду миёна канда мекунад”, – гуфтааст ба «КП» ноиби собиқи президенти «Сбербанк России» оид ба рушди тиҷорати хурд Сергей Борисов.

Васили Солодков, мудри Пажушишгоҳи банк дар Мактаби олии иқтисодӣ мегӯяд, истихдоми кормандони ба забонҳои муҳоҷирон балад ягон ҷои ҳайрат надорад: “Муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ меоянд, русиро хуб намедонанд, кормандони бонкҳои Русия бошад ӯзбекӣ ё қирғизиро тамоман намедонанд ва аз ин рӯ, касе ба муштариёни эҳтимолӣ фаҳмонда наметавонист, ки чӣ гуна аз ин ё он маҳсулоти бонк истифода баранд. Акнун метавонанд.”

Ба ақидаи ӯ, як арсаи асосии кор барои ин мушовирон ба муҳоҷирон фаҳмондани имкониятҳои ирсоли пул ба зодгоҳашон тавассути Сбербанк аст. Ин дар воқеъ як бозори бузург аст: Соли 2020 аз Русия ба кишварҳои СНГ 11 миллиард доллар фиристодаанд ва аз ин маблағ 8 миллионаш ба Ӯзбекистону Тоҷикистону Қирғизистон, се кишвари содиркунандаи асосии нирӯи корӣ аз Осиёи Марказӣ ба бозори кори Русия “рафтааст”.

 «Сбер мехоҳад ҳамин арсаро ба дасти худ бигирад» – хулоса кардааст Солодков. Ба ақидаи ӯ, ба дунболи Сбер бонкҳои дигари Русия низ талош хоҳанд кард, то кормандонеро ба кор бигиранд, ки бо муҳоҷирон бо забони худашон озоду роҳат суҳбат карда тавонанд.

Консультант со знанием таджикского, узбекского или кыргызского языка

от 67 000 руб. до вычета налогов

Требуемый опыт работы: не требуется

Полная занятость, полный день

Консультант в отделении Сбера — возможность начать карьеру без специального образования и опыта. Это работа для энергичных и общительных людей, способных поднять настроение, даже рассказывая об онлайн-сервисах.

В Сбере тебе помогут быстро освоиться и решить, в каком направлении дальше строить карьеру. Ведь у нас практически безграничные возможности горизонтального и вертикального роста, можно даже переехать в другой город. Ведь Сбер — это более 50 компаний экосистемы и 14 тысяч подразделений по всей стране. Регулярное корпоративное обучение, Виртуальная школа с десятками курсов и современной библиотекой, Корпоративный университет и возможность учиться за счет компании. А ещё — мы одни из лучших работодателей страны по версии HH.

Что делает консультант:

  • узнает, зачем клиент пришел в банк, и направляет к нужному специалисту
  • рассказывает о преимуществах сервисов, продуктов и услуг Сбера
  • обучает клиентов пользоваться онлайн-сервисами и продуктами.

Ты подходишь нам, если:

  • ты специалист с образованием не ниже среднего
  • владеешь таджикским или узбекским или кыргызским языком
  • доброжелателен и любишь помогать другим
  • находишь общий язык с разными людьми
  • готов весь день работать «на ногах»
  • умеешь работать на планшете и смартфоне.

Мы обещаем:

  • официальное трудоустройство с первого дня работы
  • твоя зарплата будет зависеть от тебя. У нас есть окладная часть и премии по итогам работы
  • постоянное развитие и рост. Тебе никогда не будет скучно. В Сбере сотрудники постоянно учатся чему-то новому: тренинги, вебинары, программы профессиональной переподготовки, дистанционное обучение, в том числе в Корпоративном университете Сбера
  • прозрачные карьерные перспективы и возможности вертикальных и горизонтальных перемещений. Нам важно, чтобы тебе было интересно работать с нами, ты развивался как профессионал и получал удовольствие от того, чем занимаешься
  • у нас принято финансово помогать при рождении ребенка или в сложной жизненной ситуации. Ты всегда можешь быть уверен, что Сбер рядом
  • можешь не переживать, что заболеешь. У нас ДМС со стоматологией в лучших клиниках города
  • специально для сотрудников у нас есть льготные пенсионные программы и кредитование
  • у нас ты обязательно найдешь друзей и единомышленников. Мы понимаем, что с близкими по духу людьми легче работать, поэтому создаем все условия, чтобы найти этих людей
  • в Сбере яркая и разнообразная корпоративная жизнь: квн, спортивные соревнования, тимбилдинги, тематические праздники – все это ждет тебя у нас
  • Сбер сегодня – это более 50 компаний экосистемы. И все они предоставляют самые выгодные условия для сотрудников компании.

Интересна вакансия:

  • жми “откликнуться”
  • проходи видео-интервью и собеседование с руководителем.

Ключевые навыки

Кыргызский — B2 — Средне-продвинутый

Узбекский — B2 — Средне-продвинутый

Таджикский — B2 — Средне-продвинутый

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button