ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ИН ДУРӮҒ АСТ! ДАР ТОҶИКИСТОН ХАБАРИ САНГБОРОНИ МОШИНИ МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО РАД МЕКУНАНД

Масъулони ду ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабарҳои нашршуда дар бораи гӯё сангборон шудани мошини як марзбони қирғизро рад мекунанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон  қаблан хабар дод, ки рӯзи 4 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дар роҳи Арқа-Борбордуқ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бӯстон”, мошини як марзбони қирғиз аз ҷониби 5 марзбони тоҷик сангборон шудааст ва дар натиҷа шишаҳои мошинашро зада, шикастаанд.

Аммо Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз дар суҳбат бо хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” гуфт: “Ман ҳам ин хабарро хондам, ин хел ҳодиса дар ҳудуди ҷамоат рух надодааст. Ин паҳни хабари бардурӯғ аст. Ҳоло ҳама ҷо тинҷу ором аст”.

Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчӣ – Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, “ин гуна ҳодиса рух надодааст ва чунин хабарҳо сохта ва бофтаи ҷониби қирғизҳо аст”.

Хистеварз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш 22, 5 километр ва Овчӣ – Қалъача беш аз 18, 4 километр марзи муштарак доранд.

Рустоҳои Арқа ва Борбордуқи ноҳияи Лайлак дар канори роҳи Хуҷанд –Конибодом дар наздикии ҷамоати Хистеварз ҷойгир шудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта буд,  ҳодисаи сангборон вақте рӯй дод, ки марзбони қирғиз савори мошини “Honda Accord” дар роҳи Арқа-Борбордуқ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бӯстон”мехост дар гардиш тоб хӯрад. Бино ба иддаои ҷониби Қирғизистон, марзбонони тоҷик мошини марзбони қирғизро сангборон карда, “ба болои ин талош кардаанд, ки низомии қирғизро дастгир кунанд, вале муваффақ нашудаанд. Худи марзбони қирғиз ягон осеб надидааст, вале мошинаш зарар дидааст: шишаҳояшро зада шикастаанд.”

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button