ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КӮЧАКБОҚӢ МУЛЛОҶОНОВ, ЯКЕ АЗ ОХИРИН ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ АЗ МАСТЧОҲ

Зуҳри 7 ноябр сокинони ноҳияи Мастчоҳ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пири хирадманд ва намоди ҷасорату ватандӯстӣ Кӯчакбоқӣ Муллоҷоновро ба хонаи охират гусел намуданд. Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов дар синни 97 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва намози ҷаноза бо иштироки роҳбарияти ноҳия, меҳмонон аз Хуҷанду Душанбе, собиқадорони меҳнат, фарзандону пайвандон ва издиҳоми сокинони Мастчоҳ дар варзишгоҳи МТМУ рақами 24-и хоҷагии Сомониён баргузор шуд. Намози ҷанозаи марҳум аз ҷониби фарзандаш донишманди шинохта профессор Сайфулло Муллоҷонов хонда шуд.

Муллосоқӣ Атовуллозода, муовини якуми раиси ноҳия зимни ибрози ҳамдардии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз зиндагиву фаъолияти ҷавонмардонаи марҳум ёдоварӣ намуда, корномаи Кӯчакбоқӣ Муллоҷоновро шоистаи ифтихор ва намунаи ибрату пайравӣ ба насли имрӯзу фардо донист.

– Албатта, марги фарди наҷиб Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов барои аҳли диёр мусибати гарон мебошад. Аммо чи илоҷ, ки умри одамӣ аз омадану рафтан иборат аст. Ба қавли ниёгони бузургамон “оқибат манзили мо водии хомӯшон аст”. Вале хотираи дурахшони шодравон дар дили мо зиндаву ҷовид боқӣ мемонад, зеро:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро, – таъкид кард Муллосоқӣ Атовуллозода, муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Шоир ва рӯзноманигори шинохта Ҷӯра Юсуфӣ бо қироати марсияе Кӯчакбоқӣ Муллоҷоновро чун “охирин сарбози ҷанги Олмон”, “поксират, нексурат, хушзабон” ва “рамзи пирӯзии халқ” тавсиф кард.

Омӯзгори собиқадор Муллоҳасан Содиқов низ бо ёдоварӣ аз шахсият ва корномаи марҳум ба роҳбарияти ноҳия, меҳмонон ва иштирокчиёни маросими видоъ аз номи фарзандону пайвандони Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов ибрози сипосу миннатдорӣ намуд.

Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов 18 апрели соли 1924 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба дунё омада, дар синни 16-солагӣ узви колхози навтаъсиси “8 март” – и деҳаи мазкур мешавад. 5 майи соли 1943 бо даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба фронт рафта, дар ҷабҳаи якуми Украина барои озодии Украина, Белоруссия, кишварҳои назди Балтика, Австрия, Чехословакия ва Полша ҷангидааст.

Шодравон Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов 23 феврали соли 1945 дар муҳорибаи назди Краков захмӣ гардида, 9 май ғалабаро дар шаҳри Братислава пешвоз мегирад. Корнамоиҳояш бо ду медали “Барои ҷасорат”, “Барои ишғол кардани Конигсберг”, “Барои озод кардани Варшава”, ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва даҳҳо нишону ифтихорномаҳои гуногун қадрдонӣ шудаанд. Марҳум танҳо пас аз ду соли тамом шудани ҷанг – Соли 1947 ба Ватан омада, аз соли 1961 дар соҳаҳои гуногун барои рушду ободии диёри нави масчоиён – Дилварзин фаъолият кардааст. Шодравон 11 фарзандро ба воя расонидааст, ки чун падари номдорашон барои халқу ватан содиқона хизмат мекунанд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Нигоҳи халқ” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сурайё Ёқубова даргузашти Кӯчакбоқӣ Муллоҷоновро мусибати калон дониста, иттилоъ дод, ки марҳум яке аз ду нафари охирин аз иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳияи Мастчоҳ, ки дар ҳама ҷашну чорабиниҳо гули сари сабад буданд, маҳсуб меёфт.

М. ПОЧОЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button