ВидеоДин ва боварҳо

БЛОГЕР ДАРЯ ПЕПЕЛЯЕВА ҚАФОЯШРО ДАР ПЕШИ МАСҶИДИ ҚАЗОН ВИДЕО КАРДААСТ (ВИДЕО)

Тиктокери рус Даря Пепеляева чанд видеоро нашр кард, ки дар онҳо як лосинаи танг дар тан қафои худро дар пасманзари масҷиди Қул Шарифи шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия ба намоиш мегузорад. Ин видео мавҷи интиқодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Пепеляева дар шабакаҳои OnlyFans ва TikTok саҳифа дорад. Дар пайи мавҷи интиқодҳо ӯ як қисми видеоҳои аз ҳад ҷанҷолбарангезаш аз Қазонро аз саҳифаҳояш пок кард, вале онҳо алакай дар  дигар платформаҳои Интернет ба “сайр” даромадаанд.

Корбарон аз мақомоти Русия хостаанд, то Пепеляеваро ба мисли блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев бо ҷурми таҳқири эътиқоди диндорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашонанд. Бобиев ва шарикаш Анастасия Чистоваро ахиран барои як акси ҷанҷолӣ дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар маркази Маскав ба 10 моҳи зиндон маҳкум карданд.

Масҷиди Қул Шариф масҷиди ҷомеи марказии ҷумҳурии Тотористон ва шаҳри Қазон буда, яке аз маконҳои дидании ин шаҳр ба шумор меравад. Ин масҷид дар қисмати ғарбии кремл ё қалъаи Қазон солҳои 1996-2005 ба хотири эҳёи масҷиди таърихиии хонигарии Қазон, ки соли 1552 аз ҷониби нирӯҳои Иван Грозний вайрон карда шуд, бунёд карда шудааст. Хонигарии Қазон дар асрҳои миёна як маркази умдаи илмӣ ва маорифи исломӣ  дар минтақаи атрофи Волга ба шумор мерафт. Масҷиди ҷомеи Қазоқон ба шарафи Сайид Қул Шариф, охирин имоми Қазон ва яке аз роҳбарони мудофиаи ин шаҳр аз нирӯҳои Иван Грозний номгузорӣ шудааст.

Вақтҳои охир дар Русия аксу видеои “эротикӣ” гирифтан дар назди маконҳои муқаддаси мазҳабӣ мисли “мӯд” шудааст.

Чанде пеш дар Санкт-Петербург  ба зидди як модел барои бо либоси таг акс гирифтанаш дар назди калисои ҷомеи Исаакий парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Дар Маскав бошад чанд рӯз пеш як духтари блогерро барои акси нимаурён дар назди Кремл барои 14 рӯз ҳабс карданд.

Вале ҷазои аз ҳамаи сахтро блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев ва шарикаш Анастасия Чистова диданд. Дар поёни моҳи сентябр онҳо дар Интернет акси муштаракашон дар пасманзари калисои Василий Блаженнийро гузоштанд, ки дар он духтар либоси пулис дан тан гӯё бо Бобиев алоқаи ҷинсии даҳонӣ мекунад. Бобиев дар зери он акс навишт, “кодекси меҳнат кодекси ҷиноятӣ нест, онро метавон вайрон ҳам кард.”

Баъди боздошташ кормандони пулис нисбат ба Бобиев чунон рафтор карданд, ки ӯ дар як видео, ки дар даруни бордон (багажник)и мошини пулис сабт шуда буд, барои кори кардааш узр пурсид ва қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ чунин коре нахоҳад кард ва бавижа бо либоси пулис.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button