ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ТОҶИКҲО ДАР АСТРАХАН ЯК УЗВИ ДАСТАИ ШОМИЛ БАСАЕВРО ДАСТГИР КАРДАНД

Сомонаи маҳаллии «Астраханские новости» тафсилоти боздошти Магомед Алханов, як узви дастаи фармондеҳи ҷудоиталабон чечен Шомил Басаевро нашр кард. Бино ба иттилои нашрия, Алханов баъди як ҳафтаи фирораш аз бемористони бемориҳои рӯҳӣ  шоми 2 ноябр дар як чойхонаи тоҷикӣ дар ҳудуди ноҳияи Трусов, дар қисмати соҳили рости Астрахан аз ҷониби кормандони ин чойхона – зодагони Тоҷикистон дастгир гардида ва ба кормандони пулис ва ФСБ супурда шудааст.

 “Астраханские новости” лаҳзаи боздошти Магомед Алхановро дар чойхонаи тоҷикӣ чунин тасвир кардааст: “Алханов бегоҳ ба чойхона даромад, аввал дастшӯӣ рафтааст ва сипас кока-кола ва пончик фармоиш дода, дар як миз нишаст. Корманди чойхона ин муштариро шинохт, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад ва оҳиста берун баромада, ба падараш занг зад. Падари ӯ хеле зуд ҳамроҳи посбони як ширкати нақлиётӣ, ки иттифоқан он лаҳза ҳамроҳ будаанд, хеле зуд расида омад. Алханов чизеро пай бурд, ки хост фирор кунад, вале муваффақ нашуд. Кормандони чойхона дасту пои ӯро баста, ба пулис занг заданд. То омадани кормандони пулис Алханов хеле кӯшиш кард, ки дар ивази пул ҷонашро халос кунад, вале боз ҳам бенатиҷа.”

Пулис низ тасдиқ кардааст, ки Алханов дар як чойхона дар ноҳияи Трусов бо шарофати ҳушёриву зиракии шаҳрвандон дастгир шудааст.

Мақомот барои кумак барои боздошти Магомед Алханов 100 ҳазор рубл ҷоиза муқаррар карда буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҷоиза ба муҳоҷирони тоҷик дода хоҳад шуд ё на?

Лаҳзаи таъқибу боздошти Алханов дар чойхонаи тоҷикии Астрахан ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст:

Рӯзи 4 ноябр  Магомедро Алхановро дубора ба СИЗО андохтанд.Ба зидди узви собиқи дастаи мусаллаҳи Шомил Басаев бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Русия парванда кушодаанд ва ба вай то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Денис Кухтин, нозири хурди УФСИН, идораи зиндонҳои вилояти Астрахан, ки 29 сол дорад, бо гумони кумак ба фирори Алханов ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба иттилои “Астраханские новости”, Магомед Алханов ба Кухтин, ки ӯро тоза рӯзи 15 октябр ба посбонии бемористони бемориҳои рӯҳӣ гузаронда буданд, барои кумак ба фирораш як миллион рубл ваъда додааст. Дар иваз Кухтин ба вай фаҳмондааст, ки дар куҷои беморхона камераҳо кор намекунанд. Ӯ ҳамчунин ба Алханов телефони мобил ва таҷҳизоти оҳанбурӣ барои буридани панҷараи тиреза дода, фаҳмондааст, ки баъди фирор чӣ хел аз таъқибот пинҳон шавад.

Нисбат ба Кухтин бо иттиҳомоти берун рафтан аз ҳадди ваколат, гирифтани пора ва қасди гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button