ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ШИКОРИ ЖУРНАЛИСТ ДАР КӮЛОБ: ХУДАШРО НАЁФТАНД, ДОДАРАШРО ПЕЧОНДА БУРДАНД…

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар як номаи саркушода ба додситони кул Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон аз мавриди таъқиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтани Муҳаммади Мӯсавӣ, хабарнигори ҷавони ин танҳо нашрияи мустақили чопӣ дар минтақаи Кӯлоб бонги изтироб баланд кард.

Бино ба иттилои Аҳмади Иброҳим, рӯзи 4 ноябр сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб Нозимзода Файзулло “тайи як иқдоми барқосо” ба зердастон фармон додааст, ки  Муҳаммади Мӯсавиро дастгир карда ба наздаш биёранд.

Гурӯҳе аз кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлоб дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №53 шаҳри Кӯлоб мошини шахсии журналистро боздошт карданд. Аммо дохили мошин на Муҳаммад, балки бародари ӯ будааст. Кормандони БДА мошинро бо ронанда ба навори телефон гирифта, ба сардор Нозимзода занг зада гуфтаанд, ки дар дохили мошин на Муҳаммад, балки бародари ӯ аст. Нозимзода хеле ошуфта шуда ба кормандони БДА тариқи телефон дӯғу пӯписа карда изҳори норозигӣ кардааст”, нақл кардааст сардабири “Пайк”.

Аҳмади Иброҳим меафзояд, “як манбаи муътамад, ки “аз тарси прокурор нахост номаш зикр шавад ба «Пайк» занг зада хабар дод, ки сардори милиса инҷо айб надорад, балки супориши прокурори шаҳри Кӯлоб ҷаноби Имомзодаро иҷро мекунад.”

Сардабири нашрия менависад, аён гашт, ки сабаби таъқиби журналист фаолияти касбии ӯ буда, дақиқтараш ба мақолаи навиштаи ӯ таҳти унвони «Манфиати директори боғча ва як прокурор болотар аз саломатии кӯдакон меистад?»  рабт дорад.

Дар ин матлаб, ки рӯзи 25 октябр чоп шудааст, бар асоси шикояти волидайн сухан аз боби чиркинӣ ва шабушкзадагии кӯдакон дар боғчаи №3 шаҳри Кӯлоб меравад. Дар мақола аз ҷумла аз қавли масъулини идораи Санитарию эпидемологии шаҳри Кӯлоб омадааст: «Чанд маротиба дар боғчаи №3-и шаҳри Кӯлоб чунин ҳолатҳоро ошкор намудем, ки дар сари кӯдакон шабӯш аст, санад тартиб додем, то ҷарима намоем, аммо яке аз кормандони додситонии шаҳри Кӯлоб (номи прокурорро нагуфт – «Пайк») ба мо ба тамос баромада ба кори мо дахолат мекард, аз ҳамин сабаб ҷарима нашудааст…»

Ащмади Иброҳим менависад, онҳо ҳеҷ намедонанд, ки прокурорро ба боғча ва шабушк чӣ кор, ки то ин дараҷа ба ин мақола ва муаллифаш таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст?

Прокурори минтақаи Кӯлоб Машрабзода тариқи телефон аз қазияи журналисти “Пайк” изҳори бехабарӣ кардааст, вале сардор милисаи Кӯлоб Нозимзода дар посух  фақат ҳамин қадар гуфтаст ки: «Меқапм чорш мекнем, майлаш, корота кн.» ва телефонашро хомӯш кардааст.

Таҷриба нишон додааст, ки ин ҷаноб онқадар хушсухан нест. Дар нишасти матбуотии тобистони имсол ҳам ба саволи журналистон дар мавриди бетартибӣ дар назди «Деҳқонбозор»-и шаҳр ба ҷойи посух ангушт ба рӯйи журналистон халонда таҳдид мекард: «хап кн, хап кн!» Дар сӯҳбати телефонӣ ҳам салоҳ надид ба саволи сармуҳаррир посух бидиҳад, инкор ё иқрор кунад, ки фармони шикори журналист додааст ё не? Аммо мо, камгапӣ «ин одати уст» гуфта дигар муроҷиат накардем. Ҳадаф аз боздошти журналист чӣ буд мо нафаҳмидем, бо ягон ҷурми сохта ҷазо додан ё ҳамту тарсондан?” – менависад Аҳмади Иброҳим.

Аҳмади Иброҳим

Ӯ меафзояд, ба сардори милиса ва прокурори минтақа занг зада гуфтаст, ки алайҳи сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи давлат амал нанамоянд ва ба таъқиби журналист хотима диҳанд.

Аммо қазия бо ҳамин хатм нашудааст, балки ранги дигар ва “қонунӣ”-намуд гирифтааст: “Баъди ин бачаҳо аъмоли зиддиинсониашонро гӯё «қонунӣ» карданд. Соати 16-30 дақиқаи бегоҳ ҷамъе аз кормандони хеле бузургҷусса ва бадҳайбати милиса дар даст даъватномаи Комиссариати ҳарбӣ ба хонаи истиқоматии журналист зада даромаданд. Дар ҳоле, ки Муҳаммад машғули табобат аст, то сиҳат ёфта, бо хоҳиши худ ба аскарӣ равад. Ӯ аз аскаригурезон нафрат дорад. Аз тими «Пайк» Ҷамшед Раҳимов аллакай бо хоҳиши худ ба аскарӣ рафтааст ва бомуваффақият хизмат карда истодааст. Хуллас кормандони милиса дар ҳавлии истиқоматиашон ба модари Муҳаммад хеле дӯғу пӯписа, таҳдиду таҳқир карда ваъда додаанд боз бар мегарданд. Барои дасти холӣ ба назди сардор нарафтан додари Муҳаммадро, ки донишҷӯ аст, бо як дағалии хос боздошта, тоб додаЮ ба мошин бор карда бурдаанд. Баъди он, ки муайян карданд донишҷӯ аст, ӯро аз комиссариат раҳо карданд…

Ин қазияи таъқиби хабарнигори “Пайк” дар ҳолест , ки ҳамон рӯзи 4 ноябр ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳисобот медод ва аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ва муовини додситони кул Мирзоамон Рофизода  дар ҳисобати худ ба Созмони Милал ҳатто изҳор доштаанд, ки рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон дар кишвар аз пуштибонии густардаи ҳукумат бархӯрдоранд.

Муовини додситони кул итминон дод, ки “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳуқуқшинос ва рӯзноманигор вобаста ба фаъолияти касбиаш боздошт ё маҳкум нашудааст”. ” Рамазон Раҳимзода афзуд, “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти рӯзноманигорӣ озод аст. Ҳуқуқу озодиҳои рӯзноманигорон, озодии ақида ва гуногунандешӣ бар асоси бастаи бузурги санадҳои байнулмилалӣ ва миллӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул шудаанд, таъмин ва ҳифз шудаанд.”

Аҳмади Иброҳим низ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қазияҳое, чун таъқиби хабарнигори “Пайк” Муҳаммади Мӯсавӣ “ба обирӯйи ватани азизи мо обирӯ зам намекунад.” Сардабири “Пайк” аз вазири дохила ва додситони кул хостааст, ки “мӯйро аз хамир ҷудо созанд ва нагузоранд, ки зердастонашон бо як амали сабукфикрона зидди демократия бархоста обирӯйи ватанро резонанд ва сиёсати Пешвои миллатро зери савол гузоранд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button