ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МОШИНИ ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО САНГБОРОН КАРДА, ШИШАҲОЯШРО ШИКАСТААНД

Хадамоти марзбонии Қирғизистон  хабар дод, ки рӯзи 4 ноябр  дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон як марзбони қирғиз савори мошин ҳадафи сангборон аз ҷониби 5 марзбони тоҷик қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки худи марзбон осеб надидааст, вале шишаҳои мошинашро зада, шикастаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, ҳодиса  рӯзи 4 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дар роҳи Арқа-Борбордуқ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бӯстон”, вақте рӯй додааст, ки марзбони қирғиз савори мошини “Honda Accord” мехост дар гардиш тоб хӯрад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳангом 5 марзбони тоҷик мошини ӯро сангборон кардаанд ва “ба болои ин талош кардаанд, ки низомии қирғизро дастгир кунанд, вале муваффақ нашудаанд. Худи марзбони қирғиз ягон осеб надидааст, вале мошинаш зарар дидааст: шишаҳояшро зада шикастаанд.”

Ҷониби Қирғизистон афзудааст, ки тафтиши ин ҳодиса давом дорад ва ҳамчунин «мулоқоти намояндагони мақомоти марзбонии қитъаи Лайлаки Қирғизистон ва қитъаи Ғончии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.”

Роҳи Арқа-Борбордуқ дар канори роҳи Хуҷанд –Конибодом ва худи ин ду деҳаи Қирғизистон дар рӯбарӯи Хистеварз, бузургтарин деҳа ва ҷамоати ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, юо гузашти 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button