ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ЮСУФ НАЗОКАТОВ ДАР НАБАРДИ НАХУСТИНИ ХУД РАҚИБАШ АЗ ИРЛАНДИЯРО ТОРУМОР КАРД (ВИДЕО)

Юсуф Назокатов, як варзишгари зодаи Тоҷикистон, ки дар Англия зиндагӣ мекунад, шаби 5 ноябр дар нахустин набарди худ дар варзиши ММА (ҷангҳои бидуни қоида) дар мусобиқоти Bellator 270  рақибаш аз Ирландия Стивен Костеллоро торумор кард.

Ин набард дар варзишгоҳи “3Arena” дар шаҳри Дублин, пойтахти Ирландия доир шуд. Аксари тамошобинон, қарори маълум, ба Костелло мухлисӣ мекарданд ва ширкатҳои букмекерӣ низ шанси ӯро нисбат ба варзишгари зодаи Тоҷикистон зиёдтар ҳисоб мекарданд. Вале Юсуф Назокатов тавонист алакай дар раунди дуюм рақибашро чунон танг биорад, ки ӯ набардро қатъ ва шикасташро эътироф кард. Акнун Юсуф Назокатов баъди чунин пирӯзии бечунучаро дар набарди нахустинаш метавонад бо Bellator барои 4 набард қарордод бандад.  

Юсуф Назокатов ба маросими эълони ғолиб парчамҳои ду кишвар сари китф ба ринг баромад: парчами Тоҷикистон, кишвари зодгоҳаш, ва парчами Англия, кишваре, ки ӯ ҳоло дар мусобиқоти байналмилалӣ аз номи он ҳунарнамоӣ мекунад.

Набард дар Дублин барои ҳам Юсуф Назокатов ва ҳам барои Стивен Костелло нахустин набардашон дар варзиши ММА буд ва даври муқаддамотии Bellator 270 доир шуд.

Юсуф Назокатов то кунун дар мусобиқоте, ки созмонҳои маҳаллии Британия доир мекарданд, иштирок мекард. Букмекерҳо зарбаи сахти варзишгари зодаи Тоҷикистон, тану тӯг ва қуввати ҷисмонии ӯ ва мушти вазнин доштани ӯро таъкид мекарданд. Вале бо ин вуҷуд дар набарди Назокатов бо Костелло шанси варзишгари ирландӣ хеле болотар шумурда мешуд.

Бо ин вуҷуд, Юсуф Назокатов аз оғози набард боҳамлаҳои пайвастаи худ ҳамаро ба ҳайрат гузошт ва алакай дар раунди дуюм Костеллоро маҷбур кард, ки аз идомаи набард даст бикашад ва шикасташро ба гардан бигирад

Падари Юсуф Назокатов аз ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, ӯ қабл аз кӯчиданаш ба Англия дар Панҷакент зиндагӣ ва машқ мекардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button