ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОН ДАР ИСФАРА ҶАВОҲИРОТИ ТИЛЛОВУ НУҚРАИ АПАИ ХУДАШРО ДУЗДИДААСТ

Сокини 18-солаи Исфара барои дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагии апаи 28-солааш ба маблағи 7500 сомонӣ дастгир шудааст.

хххххххххххххх

Як кӯдаки чорсола рӯзи 5 ноябр, соати 14:58, дар зеркӯчаи Деҳи боло дар Душанбе зери чархи мошини “Киа К-7” монда, дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

хххххххххххххх

Ду сокини 26 ва 30-солаи пойтахт  ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи август дар бозори “Панҷшер” телефони мобили як зан аз ноҳияи Фархорро тасарруф кардаанд.

хххххххххххххх

Сокини 38-солаи Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки охири моҳи октябр аз назди ҳавлии сокини 59-солаи ҷамоати Пӯлотон тсистернаи 15-тоннаии арзишаш 13500 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани писарбачаи ноболиғ зери чархи «Киа К-7»

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 14:58-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Киа К-7», Абдулризо Зулқадр, соли таваллудаш 1971, муввақатан сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо зеркӯчаи Деҳи Боло, аз тарафи кӯчаи Варзишгарон ба самти кӯчаи А.Синои пойтахт, пиёдагарди хурдсол Бегназаров Имрон Фахридинович, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби худи ронанда ба беморхонаи Ибни Сино дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 18-сола барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

Нисбати ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2021, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагии апааш, зани 28-солаи сокини ҳамон ҷоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошти ду нафар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили дӯкони дӯзандагӣ, воқеъ дар бозори Панҷшери шаҳри Душанбе қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз болои мизи кориаш 1-адад телефони мобилии тамағи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26 ва 30-солаи сокинони пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи октябри соли 2021, шахсони номаълум аз назди минтақаи наздиҳавлигиаш, воқеъ дар маҳаллаи Велозаводи шаҳри мазкур 1-адад зарфи оҳанин барои обнигоҳдорӣ, ғунҷоишаш 15 ҳазор литраро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 13 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button