ВидеоИқтисодҶомеа

БАЪДИ ГУЗОРИШИ “БОМДОД”: ИСТГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР ИСТАРАВШАН БА КОР ДАРОМАД (4 АКС)

Яке аз хонандагони сомонаи “Бомдод”  бо ирсоли аксҳои нав аз шаҳри Истаравшан хабар дод, ки гузаргоҳи зеризаминӣ дар даромадгоҳи ин шаҳр дар назди бозори калонтарини Истаравшан дигарбора ба кор даромадааст ва мардум метавонанд тавассути он бемалол роҳро убур кунанд.

Ӯ мегӯяд, ин гузаргоҳ хеле харобу фарсуда ва валангор шуда буд ва ҳоло бо кӯшиши соҳибкорони истаравшанӣ  ва мақомоти шаҳрдорӣ аз нав обод карда шуд.  “Мардум метавонанд тавассути ин гузаргоҳ бемалол гашту гузор кунанд”, – гуфт ин хонандаи “Бомдод”.

Дар аксҳои ирсолшуда дида мешавад, ки мағозаи қолинҳоро канортар гирифтаанд ва дар ҷое, ки чанд рӯз пеш девор буд, барои равуои мардум як дарвоза часпондаанд.

Ду рӯз пеш як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Истаравшан бо ирсоли ду акс хабар дод, ки дар ин минтақаи вилояти Суғд гузаргоҳи зеризаминиеро, ки дар як макони пуриздиҳом дар назди бозор ҷойгир шуда буд, маҳкам карда, ба фурӯшгоҳ табдил додаанд.

Албатта, дар аксари кишварҳои дунё дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ растаҳо барои фурӯши маҳсулоти гуногун гузошта мешаванд ва ин як амри маъмул аст. Валое ончӣ ки дар Истаравшан бо гузаргоҳ карда буданд, фарқ мекард.

Дар ин ҷо гузаргоҳи зеризаминиеро, ки қаблан барои равуойи мардум хизмат мекард, аз як тарафаш бо хишт маҳкам карда, ба макони фурӯши қолинҳо табдил доданд ва одамон ба инҷо танҳо барои харид метавонистан бидароянд, на барои гузаштан аз роҳ аз тариқи гузаргоҳи бехатар.  Ҳамин тавр, дар тарафи муқобилаш ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ба мардум “хизмат” мерасонд.

Ба ҳар сурат, хуб аст, ки дар Истаравшан ба матлаби нашршуда дар матбуот ба чунин сурати фаврӣ вокуниш карданд ва гузаргоҳи зеризаминиро ба мардум баргардонданд. Фикр мекунем, муҳим ҳамин аст.

АКСҲОИ РӮЗИ 6 НОЯБР:

АКСҲОИ ЧАНД РӮЗ ПЕШ:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button