СиёсатТоҷикистон

ЁДГОР ФАЙЗОВ АЗ МАҚОМИ РАИСИ ВМКБ БАРКАНОР МЕШАВАД

Манобеи гуногун аз Хоруғ хабар доданд, ки ба эҳтимоли ғолиб, давоми рӯзи 5 ноябр Ёдгор Файзов азм ақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор карда шуда, ба ҷои ӯ шаҳрдори Хоруғ генерал Алишер Мирзонабот  таъйин мешавад. Ба навбати худ, Руслан Шоиков ба ҷои Алишер Мирзонабот ба мақоми шаҳрдори Хоруғ таъйин мешавад. Сабаби ин тағйироти кадрӣ маълум нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки оё ба Ёдгор Файзов ягон мақоми дигари давлатӣ пешниҳод шудааст ё на?

Ин хабарро дастикам се манбаи огоҳ аз Бадахшон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд. “Азия Плюс” низ дар ин бора бо такя ба манбаи худ хабар дода, навиштааст, дар назар аст, ки соатҳои12-13-и имрӯз маросими муаррифии раиси нави вилоят сурат бигирад.

Радиои Озодӣ ҳам менависад, ки ду манбаъ ин хабарро барояш тасдиқ кардаанд.

Аммо Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати ВМКБ дар як тамоси телефонӣ ба “Asia-Plus” гуфтааст, “ҳоло чизе дақиқ нест, барои дақиқ шудани ин мавзуъ пас аз нисфирӯзӣ тамос гиред”.

Ёдгор Файзов, ки 60 сол дорад, 1 октябри соли 2018 раиси ВКМБ таъйин шуд. Тайи се соли кораш ӯ аз худ намунаи як роҳбари хоксору заминӣ ва ба мардум наздикро ба намоиш гузошт. Ёдгор Файзов ҳар рӯз пиёда ба кор мерафт ва раҳораҳ бо мардум суҳбат карда, дарди дил ва шикоятҳои онҳоро мешунид, дар шанбегиҳо дар қатори дигарон дасту остин барзада, иштирок мекард ва маъниҳое, чун коррупсия ва сӯиистифода аз мансаб барояш бегона буд.

Ёдгор Файзов қабл аз расиданаш ба раҳбарии вилоят раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон буд ва соли 2012 бо миёнаравиаш барои ҳалли буҳрони хунини Хоруғ ном бароварда буд.

Генерал Алишер Мирзонабот аз кадрҳои Саймӯмин Ятимов буда, муовини раиси КДАМ буд. Ӯ соли 2018 муовини аввали раиси ВМКБ ва соли 2020 шаҳрдори Хоруғ таъйин шуд. Аз ибтидо ҳадс мезаданд, ки Алишер Мирзонаботро барои дар оянда иваз кардани Ёдгор Файзов тайёр карда истодаанд.

Алишер Мирзонабот

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button