ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ПУЛИС ДАР МАСКАВ ЯК ҶАВОНИ ҚИРҒИЗРО ЛАТТУКӮБ КАРД. САФОРАТ НОТА ФИРИСТОД (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои лаҳзаи боздошти як шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи пулис дар Маскав нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду корманди пулис як ҷавонро дастгир карда,  бо вуҷуди мухолифаташ ӯро ба тарафи мошин кашонда бурда истодаанд. Дар навор дида мешавад, ки кормандони пулис он муҳоҷирро ба сару рӯяш мезананд ва дар охир дар рӯи замин хобонда, ба дастонаш завлона мезананд ва сипас дар рӯи асфалт кашола карда, мебаранд.

Сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфт, ин ҷавон 21 сол дошта, ӯро рӯзи 2 ноябр дар ноҳияи Хорошевои шаҳри Маскав барои тафтиши санадҳояш дастгир карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд ва 500 рубл ҷарима баста, ҷавоб додаанд.

Сафорат гуфт, бо ин вуҷуд, дар робита ба ин қазияи латтукӯби ғайриқонунии шаҳрвандаш аз ҷониби кормандони пулиси Маскав ба вазорати корҳои хориҷии Русия нота супурда, ҳимояти ҳуқуқии ин шаҳрвандашро ба уҳда мегирад.

Сухангӯи сафорати Қирғизистон дар Маскав Назгул Жусубакунова (Нозгул Юсуфохунова) гуфт:

“Сафорат ба вазорати корҳои хориҷии Русия нота супурд ва ба сарраёсати амнияти дохилии ВКД Русия ва ба Кумитаи тафтишоти Русия муроҷиатномаҳо ирсол кард. Дар ин нотаву муроҷиатномаҳо дархост шудааст, ки ин ҳодиса ба таври объективӣ ва фарогир тафтиш шуда, ба аъмоли кормандони пулис баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванди Қирғизистон тамоми чораҳо андешида мешаванд.”

Тоҷикистон низ мисли Тоҷикистону Ӯзбекистон аз кишварҳои муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, зиндагии аксари оилаҳо дар ин ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби пули аз Русия фиристодаи муҳоҷиронашон таъмин карда мешавад.

Биноба охирин омори вазорати корҳои дохилии Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2021 беш аз 751 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар мақомоти муҳоҷирати Русия сабти ном шуда, 623 ҳазори онҳо дар санадҳои худ гуфтаанд, ки ба Русия барои кор омадаанд.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Қирғизистон ва асосан аз сӯи муҳоҷирон наздики 1 миллиард доллар ирсол шудааст. Соли гузашта аз Русия ба Қирғизистон 1,7 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button