ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НОМ БА НОМ: ТАЪЙИНИ 9 МАҚОМИ БАЛАНДПОЯИ МИЛИСА

Рӯзи 5 ноябр сардорони милисаи ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон, Мурғоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, А.Ҷомӣ, Сино-2, ҳамчунин сардори милсаи истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, сардори раёсати тафтишотии ВКД  иваз карда шуданд.

Парвина Гулова, яке аз сухангӯёни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ин вазорат таъйин шуданд, ба ҳузур пазируфтааст. Бино ба иттилои Парвина Гулова, президент бо ин кадрҳои навтаъйин пиромуни масоиле, чун зарурати таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, суҳбат кардааст.

Парвина Гулова хабар дод, ки дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон  ин кормандони, ба гуфтаи ӯ, “соҳибтаҷриба, кордону болаёқат”  ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд:

– полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Ҷабборзода Илҳом Саттор ба вазифаи сардори ШВКД №2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

– полковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ёвон;

– полковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Мурғоби ВМКБ;

– подполковники милитсия Ҳамидзода Умед Шарифхон ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Рӯшони ВМКБ;

– подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвалӣ Турахон ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон;

– подполковники милитсия Ғаффорзода Абдурауф Абдуҷаббор ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон;

– майори милитсия Пирмуҳаммадзода Ғолиб Пирмуҳаммад ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе;

– майори милитсия Икромзода Саидҷаъфар Музаффар ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button