ВарзишВидео

ИМСОЛ ҲАМ “ИСТИҚЛОЛ” ЧЕМПИОН МЕШАВАД? НАТИҶАҲОИ БОЗИҲОИ ДАВРИ 24-УМ

Пас аз танаффуси якмоҳа 3-4 ноябр бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо касби пирӯзиҳои навбатӣ мавқеи худро дар садри ҷабвали чемпионат боз ҳам мустаҳкам карданд, вале “Файзканд” ва “Душанбе”, ки дар поёни ҷадвал қарор доранд, ин дафъа ҳам дучори шикаст шуда, эҳтимоли аз лигаи олӣ хориҷ шуданашонро яқинтар карданд.


“Истаравшан” дар майдони худ аз тими “Хуҷанд» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Шаҳзодҷон Маъмурҷонов дар дар дақиқаи 45 ҳисобро ба нафъи мизбонон кушод. Дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал бозингари «Хуҷанд» Комрон Турсунов аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 59-ум Олимҷон Каримов голи пирӯзиро зад.
«Хатлон» бар тими «Эсхата» низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов заданд. Голи «Эсхата»-ро Ҷаҳонгир Эргашев муаллифӣ намуд.
Дар бозии дигар «Истиқлол» тими КМВА-ро шикаст дод – 3:1. Рёта Нома дар дақиқаи 6 ҳисобро ба нафъи дастаи пойтахт кушод. Ҳамдастагонаш Андрей Мишенко дар дақиқаи 15 ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 21 аз пеналтӣ ду голи дигар заданд. Ба се голи истиқлолиҳо бозингари тими артиш Шарафҷон Солеҳов бо як гол ҷавоб дод.
Дар дербии минтақаи Кӯлоб «Равшан» бар тими «Файзканд» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Тими Кӯлоб бо шарофати зарбаҳои нишонраси Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Эффаҳ Кингслей Осей соҳиби се хол гардид.
«Кӯктош» дар бозии хонагӣ бар тими «Душанбе» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол, Амирҷон Сафаров як гол заданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо «Истиқлол» бо 55 хол пешсаф аст. «Хуҷанд», ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври навбатии лигаи олӣ 19, 20 ва 21 ноябр ба нақша гирифта шудааст. 19 ноябр «Файзканд» бо «Кӯктош», 20 ноябр «Эсхата» бо «Истаравшан», КМВА бо «Хатлон» ва 21 ноябр «Хуҷанд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол» вомехӯранд.

Манбаъ:  https://olympic.tj/news/?ELEMENT_ID=5268

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Дилшод Бозоров аз «Хуҷанд» бо 11 гол дар ҷои аввал қарор дошта, Рустам Соиров ва Манучехр Ҷалилов (ҳарду аз – «Истиклол») ва Илхомҷон Баротов («Истаравшан») 10–голӣ задаанд. Фатҳулло Фатҳуллоев (– по), Акобир Тӯраев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») –  9– тӯбӣ ва  Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КВМА), Абдухалил Боронов («Файзканд») ва Азизбек Султонов («Куктош») ба дарвозаҳои ҳарифон 8–голӣ задаанд.

Ҷадвали мусобиқа баъди 24 давр чунин аст:

ҶОЙ   ДАСТАҲОБҒМБТ-ТО
1.ИСТИҚЛОЛ” (ДУШАНБЕ)22174160-855
2.ХУҶАНД” (ХУҶАНД)22143545-2245
3.КМВА (ДУШАНБЕ)23       10     6      7      34-29      36
4.ИСТАРАВШАН” (ИСТАРАВШАН)            2395925-2432
5.ХАТЛОН” (БОХТАР)2395925-2832
6.РАВШАН” (КӮЛОБ)2378824-2729
7.ЭСХАТА” (ХУҶАНД)23831230-4227
8.КУКТОШ” (РӮДАКӢ)23651234-5123
9.ФАЙЗКАНД” (ВОСЕЪ)23551316-3120
10.ДУШАНБЕ” (ДУШАНБЕ)23461322-5318

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button