ВидеоСиёсатТоҷикистонЧеҳраҳо

ГЕНЕРАЛ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ БА ҶОИ ЁДГОР ФАЙЗОВ РАИСИ НАВИ БАДАХШОН ТАЪЙИН ШУД

Хадамоти матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) расман тасдиқ кард, ки бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2021  Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, Нилуфар Асламшоева   ба ҷои Амирбекзода Назира муовини раиси вилоят ва Назарзода Ризо (Руслан Шоиков) иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардиданд.

Дар аксҳои нашршуда лаҳзаҳое аз маросими муаррифии раҳбари нави вилоят ба кормандони дастгоҳи марказии маъмурияти ВМКБ сабт шудаанд. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки раиси ҳамакнун собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов ва Алишер Мирзонаботов паҳлуи ҳам нишастаанд ва барои муаррифи раиси нави вилоят ёрдамчии президент дар масоили кадрӣ Асадулло Раҳмон аз Душанбе ба Хоруғ омадааст.

Сабаби барканории Ёдгор Файзов, ки се сол бар ВМКБ раҳбарӣ кард ва аз обрӯву эътибори бесобиқае дар байни мардум бархӯрдор буд, то ҳол шарҳ дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё ӯ ба ягон мақоми нав таъйин мешавад ё на?

Генерал Алишер Мирзонабот аз кадрҳои  наздик ба Саймумин Ятимов ба шумор меравад ва то соли 2018 муовини раиси КДАМ буд. Ӯ тирамоҳи соли 2018 муовини аввали раиси ВМКБ ва соли 2020 шаҳрдори Хоруғ таъйин шуд. Аз ибтидо ҳадс мезаданд, ки Алишер Мирзонаботро барои дар оянда иваз кардани Ёдгор Файзов тайёр карда истодаанд.

Ҳанӯз субҳи 5 ноябр манобеи гуногун аз Хоруғ хабар доданд, ки ба эҳтимоли ғолиб, давоми рӯз Ёдгор Файзов азм ақоми раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот  таъйин мешавад.

Ёдгор Файзов, ки 60 сол дорад, 1 октябри соли 2018 раиси ВКМБ таъйин шуд. Тайи се соли кораш ӯ аз худ намунаи як роҳбари хоксору заминӣ ва ба мардум наздикро ба намоиш гузошт. Ёдгор Файзов ҳар рӯз пиёда ба кор мерафт ва раҳораҳ бо мардум суҳбат карда, дарди дил ва шикоятҳои онҳоро мешунид, дар шанбегиҳо дар қатори дигарон дасту остин барзада, иштирок мекард ва маъниҳое, чун коррупсия ва сӯиистифода аз мансаб барояш бегона буд.

Ёдгор Файзов қабл аз расиданаш ба раҳбарии вилоят раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон буд ва соли 2012 бо миёнаравиаш барои ҳалли буҳрони хунини Хоруғ ном бароварда буд.

Ёдгор Файзов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button