ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ВО-АҶАБ! ДАР ИСТАРАВШАН ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНИРО БА ФУРӮШГОҲ ВА ҲОҶАТХОНА ТАБДИЛ ДОДААНД (2 АКС)

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, як гузаргоҳи зеризаминиро маҳкам карда, ба фурӯшгоҳ табдил додаанд.

Дар ин бора як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Истаравшан бо ирсоли ду акс хабар дод.

Албатта, дар аксари кишварҳои дунё дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ растаҳо барои фурӯши маҳсулоти гуногун гузошта мешаванд ва ин як амри маъмул аст.

Валое ончӣ ки дар Истаравшан бо гузаргоҳ карданд, фарқ мекунад.

Дар ин ҷо гузаргоҳи зеризаминиеро, ки қаблан барои равуойи мардум хизмат мекард, аз як тарафаш бо хишт маҳкам карда, ба макони фурӯши қолинҳо табдил додаанд. Акнун одамон ба инҷо танҳо барои харид медароянд, на барои гузаштан аз роҳ аз тариқи гузаргоҳи бехатар.

Гузаргоҳи мазкур дар даромадгоҳи шаҳр ва назди бозори калонтарини Истаравшан дар як макони пуриздиҳом ҷойгир шудааст.

Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар нашуд, ки ному насаби молики ин гузаргоҳро маълум кунад.  Ин ҳам рӯшан нест, ки кадом масъули “хирадманд” ба чунин “пешниҳоди инноватсионӣ” ризоият ва иҷозат додааст, то гузаргоҳи мардумро ба мағоза табдил диҳанд.

Ҳоло аз як тарафи ин гузаргоҳ мағозаи қолинфурӯшӣ ва дар тарафи муқобилаш ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ба мардум “хизмат” мерасонанд.

Ба қавли маъруф, ёбу гир!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button