ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН БОЗ НИМ МИЛЛИОН ВОЯИ ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУС МЕДИҲАД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 ноябр аз Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона боз ним миллион воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори  раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии вазорати тандурустӣ ба хабаргузории “Ховар” гуфт, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон то имрӯз дар чорчӯби барномаи ҷаҳонии дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус (COVAX) ва ҳамчунин аз ҳисоби кишварҳои алоҳида  5 миллиону 186 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст. Беш аз 2 миллион воя аз ин ваксинаҳоро ба Тоҷикистон Хитой  ва якуним миллионашро Амрико додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз  «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech»-и ИМА ва «Спутник V»-и Русия аз коронавирус ваксина бигиранд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, то 3 ноябр  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 777 ҳазору 812 нафар, яъне 46,5%  шаҳрвандони мамлакат бар зидди бемории коронавируси COVID-19 ваксинатсия карда шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  2 миллиону 155 ҳазору  634 нафар шаҳрвандон қабул намудаанд, ки 37%- ро ташкил медиҳад.

Ин вазорат  аз 13 сентябр ба ин тараф, дар тӯли тақрибан ду моҳи ахир ҳамагӣ ду ҳолати нави сирояти коронавирусро тасдиқ кардаасту халос.

Ин дар ҳолест, ки ҷамъи гирифторони ин вирус дар саросари ҷаҳон аз 248 миллион гузашта, шумори қурбони марзи 5 миллион нафарро убур кард.

Вазъият бахусус дар Русия, ки садҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, сахт ташвишовар аст. Рӯзи 3 ноябр дар ин кишвар боз наздики 40 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус ва марги боз 1195 нафар аз ин вирус сабт шудааст.

Табиист ки як бахши гирифторону қурбониёни коронавирусро дар Русия муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Ва нозирони умур дар ташвишанд, ки бо бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия, ки мавсими бозгашти онҳо дар ин шабу рӯз дар ҳоли авҷ гирифтан аст, Тоҷикистон метавонад ба мавҷи навбатии коронавирус дучор шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button