ВидеоМуҳоҷирон

БЕҲРӮЗ ҚАЮМОВ ЁФТ ШУД! ТАШАККУР БА ҲАМА!

Дар шаҳри Маскав баъди 4 рӯзи ҷустуҷӯ зодаи Тоҷикистон Беҳрӯз Қаюмовро билохира пайдо карданд. Беҳрӯз, ки 34 сол дорад ва аз хурдӣ маъюб асту гап зада наметавонад, рӯзи 30 октябр дар минтақаи Покровское – Стрешневои шаҳри Маскав бедарак шуда буд.

Хабари ёфт шудани Беҳрӯзро дар Фейсбук Ozoda Shakhrinisso Khalimova нашр кард.  «УРААаа, ёфт шуд!!! Ин чӣ хушбахтист, ки мо ӯро ёфтем! Ташаккур ба ҳама барои дастгирӣ! Дунё пур аз мардуми хайрхоҳ аст! Худованд ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад!”, – навишт Ozoda Shakhrinisso Khalimova, ки ду акси Беҳрӯзро баъди ёфт шуданаш низ нашр кардааст.Дар ин аксҳо Беҳрӯз дар канори кормандону ризокорони LizaAlert, яке аз пойгоҳҳои машҳури ҷустуҷӯӣ, ки ба ҷустуҷӯи Беҳрӯз сафарбар шуда буданд, дида мешавад.

Пайдо кардани Беҳрӯз осон набуд, чунки ӯ, мутаассифона, гап зада наметавонад ва ба ин далел, наметавонист аз касе барои пайдо кардани роҳи хонааш кумак бипурсад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button