ВидеоҲуқуқи инсон

ИДОРАИ ОМБУДСМЕН ХАБАРИ ЗАҲРОЛУД ШУДАНИ 40 МАҲБУСРО БЕАСОС НОМИД

Хадамоти матбуоти Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр  дар як баёнияи вижа хабари заҳролудшавии даҳҳо маҳбус дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1 (зиндони нави Ваҳдат)-ро рад кард.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 2 ноябр бо супориш омбудсмен Умед Бобозода дар робита ба хабари дар матбуот дар ин бора нашршуда санҷиш гузаронида шуд.  Ин санҷиш дар ҳолест, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз омбудсмен хоста буданд, ки ба қазияи заҳролуд шудани  40 маҳбус дар маҳбаси нави Ваҳдат расидагӣ кунад.

Ахиран сомонаи Аздо ТВ бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар зиндони нави Ваҳдат ҳудуди 40 маҳбус бар асари ошомидани оби нопок заҳролуд шудаанд. Ба гуфтаи манобеи ин нашрия, обе, ки маҳбусон истеъмол мекунанд, қобили нӯшидан нест, вале зӯри ҳамаи маҳбусон ба харидани об аз берун намерасад.

Сардори зиндони нави Ваҳдат Турсунов Бахтиёр гуфтааст, ин хабар асоси воқеӣ надорад. Турсуновв ба кормандони идораи омбудсмен  маълумотномаи Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти вазорати тандурустиро аз 20 августи соли 2021, таҳти №57 ироа кардааст, ки дар гуфта мешавад: “Намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад”.

Идораи омбудсмен гуфт, санҷиш нишон дод, ки дар қисми тиббии ин зиндон ҳамагӣ 15 бемор таҳти  табобат қарор дошта, чанд нафари онҳо, аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати ҲНИТ, Оқил Аёмбеков, додари Толиб Аёмбеков, ҳамчунин Мезанков В., Сангов Б., Тағоймуродов Ф., Абдуллоев Р., Ғаниев Ғ.  гуфтаанд, ки “оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.”

Ҳамин тавр, маҳкумшудагон Шокиров Ҳ. ва Очилдиев А., ки дар ин зиндон ба сифати табиб фаъолият менамоянд,  дар суҳбат бо намояндагони идораи омбудсмен гуфтаанд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафар аз заҳролудшавии об дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст.”

“Инчунин онҳо иброз намуданд, ки дар байни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангезро паҳн менамоянд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе – Ваҳдат тобистони соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Маҳбусони маҳбаси №1 дар маркази Душанберо ба ҳамин маҳбаси нав интиқол додаанд.  Мақомот мегӯянд, ин маҳбас, ки бо кумаки созмонҳои хориҷӣ сохта шудааст, ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button