ВидеоСиёсатТоҷикистон

МИСЛИ Ӯ ШАВАНД: ҚАБУЛИ АВВАЛИН ДОНИШҶӮЁН БА “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон хабар дод, ки аз 27 то 29 октябри соли 2021 имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва таҳсилоти яксолаи Академия аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар умум   ба “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва зинаи яксола 55 довталаб ҳуҷҷат супорида, дониш ва малакаи касбии онҳо  тариқи иншо, тест ва суҳбат баҳогузорӣ шудааст.

Бархе бо шӯхӣ дар шарҳи ин хабар навиштаанд, ки дар Тоҷикистон акнун ихтисоси нав пайдо шуд: ЭмомалӣРаҳмоншиносӣ. Вале дар хабари расмии Академия омадааст, ки таҳсил яксола буда, қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯи ихтисосҳои 1-26010101 – идораи мақомоти маҳаллӣ, 1-260101 – идораи давлатӣ, 1-23010101 – сиёсати берунӣ ва дипломатия ва 1-2301060301 – менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.

Қабули аввалин довталабон ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро хеле ҷиддӣ гирифтаанд ва ба ин далел дар рафти имтиҳонҳои қабул  худи ректори Академия профессор Ғафурзода Абдухалил бо ду ноибаш, мушовири ёрдамчии президент Меҳрӣ Олимшо, муовини мудири Агентии хизмати давлатӣ Бибиосия Аюбӣ ва ҳатто муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар иштирок кардаанд.

Академия хабар дод, ки “Ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунии Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии нашршуда дар сомонаи Академияи идоракунии давлатӣ – apa.tj.

 Ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” хизматчиёни давлатие, ки собиқаи на кам аз 2 соли кор дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд. Таҳсил як сол давмо мекунад. “Таҳсил дар магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард”, – таъкид шудааст дар иттилоияи академия.

Назарҳо дар бораи таъсиси чунин магистратура дар ҷомиа яксон нест.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон бо тавсиф аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори соҳибмактаб шудааст ва шоиста аст, ки сабки раҳбарии ӯ ба дигар довталабони мақомҳои баланди давлатӣ таълим дода шавад.

Вале мунтақидон инро боз як намунаи дигари шахспарастӣ мешуморанд ва мегӯянд, бо вуҷуди 29 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон яке аз фақиртарин кишварҳои Шӯравии собиқ боқӣ мондааст, ки мардумашро бо ҷои кор ва ҳатто бо нирӯи барқ таъмин карда наметавонад. Бунёди як режими худкомаи олуда ба фасоду хешутаборбозӣ як мояи дигари интиқодҳо аз 29 соли раёсати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 69 сол дошта, аз соли 1992 ба ин ҷумҳурӣ раҳбарӣ мекунад.

Аксҳо аз ҷараёни имтиҳони қабул ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button