
Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмиаш охирин омори марбут ба муҳоҷиратро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, тайи 9 моҳи январ – сентябри соли 2021 дар мақомоти муҳоҷирати Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон худро сабти ном кардаанд. 1 миллиону 597 ҳазору 481 нафари онҳо дар санадҳо нишон додаанд, ки ба Русия барои кор омадаанд. Дар айни замон 1 миллину 502 ҳазору 216 шаҳрванди Тоҷикистон худро аз қайд дар мақомоти муҳоҷирати Русия хориҷ кардаанд.
Ба ин тартиб, мақомоти Русия бори аввал расман шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар беш аз 2 миллион нафар баршумурд. Ва он ҳам бидуни то 800 ҳазор зодаи дигари Тоҷикистон, ки алакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Ин арқом аз арқоми расмии мақомоти Тоҷикистон ба маротиб фарқ мекунад. Мақомоти Душанбе иддао доранд, ки дар солҳои охир шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия гӯё то ду маротиба кам шудааст ва ҳоло дар Русия гӯё ҳудуди 481 ҳазор шаҳрванди Тоҷикикистон қарор доранд.
Бино ба омори расмии ВКД Русия, наздики 59 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба Русия барои таҳсил омадаанд, 237 ҳазор ҳадафи сафари худро “хусусӣ” ва 7523 нафар “сафари тиҷоратӣ” гуфтаанд ва танҳо 1581 нафар гуфтаанд, ки ба Русия ҳамчун сайёҳ барои тамошо омадаанд. 237 нафар гуфтаанд, барои корҳои башарӣ ба инҷо омадаанд ва 35 ҳазори боқимонда ҳадафи сафари худро “дигар” навиштаанд.
Аз лиҳози шумори шаҳрвандони дар Русия сабтиномшудааш Тоҷикистон танҳо аз Ӯзбекистон ақиб мемонад, ки аз аввали сол қариб 3,4 миллион шаҳрвандаш дар Русия худро ҳамчун муҳоҷир сабти ном карда, беш аз 3 миллион нафари онҳо гуфтаанд, ки ба инҷо ба мардикорӣ омадаанд.
Ҳамин тавр, аз 751 ҳазор шаҳрванди дар Русия сабтиномшудаи Қирғизистон 623 ҳазораш эътироф кардаанд, ки ҳадафи сафари онҳо ба ин кишвар ҷустуҷӯи кор аст.
Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.
Дар нимаи аввали соли 2021 аз Русия ва асосан аз ҷониби муҳоҷирон ба Ӯзбекистон 2 миллиарду 270 миллион доллар , ба Қирғизистон 951 миллион доллар ва ба Тоҷикистон 755 миллион доллар пул фиристодаанд. Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32% камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.