ВидеоИқтисод

ОМОРИ РАСМӢ: ҲОСИЛИ ПАХТА БА 350 ҲАЗОР ВА ҒАЛЛА БА 918 ҲАЗОР ТОННА РАСИДААСТ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки  то поёни моҳи октябр дар Тоҷикистон алакай 350 ҳазор тонна  пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин назар ба яксоли пеш қариб 25 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳамин тавр, имсол дар Тоҷикистон қариб 918 ҳазор тонна ғалладона ҷамъ овардаанд, ки назар як соли пеш қариб 30 ҳазор тонна бештар аст. Аз ин шумор 685 ҳазор тонна гандум аст. Имсол дар кишвар назар ба як соли қабл 48 ҳазор тонна бештар гандум ҷамъ овардаанд.

Имсол ҳосили картошка, бино ба омори расмӣ, қариб 105 ҳазор тонна бештар шуда, ба 651 ҳазор тонна расидааст.  Ҳамчунин имсол дар Тоҷикистон 185 ҳазор тонна меваҷот ва 121 ҳазор тонна ангур ҷамъ оварда, беш аз 1,1 миллион тонна хӯроки чорво захира кардаанд.

Гузориши матбуотӣ 29 10 2021

Дар асоси маълумоти омории Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили  пахта ба ҳолати 29.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 173945 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.

Аз майдони киштшуда аз аввали мавсим 350397 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки  11147 тоннаи он  бо мошин чида шуда,  ҷамъоварии пахта нисбати соли 2020 – 24798 тонна зиёд мебошад.

Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 аз аввали мавсим гектар 279588 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 гектар 133838 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз майдони кишти 3007 гектар 6085 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони  307568 гектар кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 29.10.2021 майдони 300580 гектар даравида ва майдони 300231 гектар кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8883 гектар зиёд мебошад.

Ҳосили умумӣ ба миқдори 917969 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29387 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз як гектар 30,6 сентнерӣ мебошад.

Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо аз 1086 адад комбайнҳои ғалладаравӣ (901 адад омодаи кор) 0 адад комбайнҳо иштирок намуданд. 

Ҷамъоварии ҳосили гандум

Мувофиқи  маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 29.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 гектар кишти гандум гузаронида, майдони 213087 гектар даравида, майдони 213087 гектар куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8124  гектар зиёд мебошад.

Ҳосили умумӣ ба миқдори 685742 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48414 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии сабзавот

Ба ҳолати 29.10.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 40142,9 гектар сабзавот кишт шуда , аз он майдони 39507,6 гектар ҷамъоварӣ карда шуд.

Ҳосили умумӣ  1190296 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 87327 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 302,9 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, пиёз 572314  тонна, карам 40776 тонна, помидор 238649 тонна, бодиринг 105993 тонна, сабзӣ 113467 тонна ва 119097 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 29.10.2021 дар майдони 34182 гектар кишти картошка гузаронида шуда, 29953 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 932,7 гектар зиёд мебошад.

Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 650999 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104590,0 тонна зиёд мебошад.

Дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548,4 гектар 12397 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 гектар  6091 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 гектар 1264 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  бошад аз майдони кишти 10181,6 гектар 9901 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии полизиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то санаи 29.10.2021 соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 гектар кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 19006,8 гектар ҷамъоварӣ шудааст.

Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 139002 тонна, вилояти Хатлон 386619 тонна, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 12859,3 тонна ва ВМКБ 150 тонна полизӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷамъоварии меваю ангур

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 29.10.2021 ба миқдори 185549 тонна мева ва 121136 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 92500 тонна мева ва 29335 тонна ангур, вилояти Суғд 57314 тонна мева ва 40503 тонна ангур, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 30082 тонна мева ва 51299 тонна ангур ва ВМКБ ба миқдори 5653 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 29.10.2021 дурнамои кишти мазкур дар ҷумҳурӣ 182486 гектарро дар бар гирифта, аз он майдони 75938 гектар кишт гузаронида шуда, 12% иҷрои дурнамо мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2403 гектар зиёд мебошад.

Аз он дурнамои ғалладонагиҳо ҳамагӣ  160431 гектар майдони кишт буда, 48877 гектар майдон ва 27% иҷрои  дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1567 гектар майдони кишт зиёд аст, ки аз он 35374 гектар гандум ва 3970 гектар ҷав мебошад.

Вилояти Хатлон  майдони кишти дурнамо 311333 гектар,35407 гектар иҷро шуда, 11 % , вилояти Суғд  майдони кишти  гектар 208784 буда, 26432 иҷрои дурнамо, 13%  ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони кишти дурнамо 90075 га, 12245 гектар иҷро шуда ва 14% таъмини дурнамо мебошад.

Захираи хӯроки чорво

Бо мақсади омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани давраи зимистони солҳои 2021-2022 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат ба ҳолати 29.10.2021 -2089585 тонна хӯроки дурушт ва 109295 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта хӯроки дурушт 120263 тонна ва ширадор 100 тонна зиёд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button