ВарзишВидео

ҲАМАИ 8 МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШИКАСТ ХӮРДАНД

Рӯзи 1 ноябр дар даври ҳаштякфинали чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, ду намояндаи охирини Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев ба майдон баромаданд ва мутаассифона, ҳарду ноком шуданд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки дар вазни -80кг Шаббос Негматуллоев аз Кейлан Кассидӣ (Ирландия) ва дар вазни 63.5кг Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Тайланд) бо ҳисоби якхелаи 1:4 мағлуб гардиданд. Ба ин тартиб, чемпионати ҷаҳон барои ҳамаи 8 узви дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт ва муттаасифона, бидуни ягон медал.

 Як рӯз қабл, 31 октябр дар даври ҳаштякфинал дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Шаббос Негматуллоев дар ду давр бар Силвио Шерле (Олмон), Самуел Камара (Сера Леоне) ва Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар дар даври дуюм бар Илия Шакиров (Руссия) дастболо шуда буданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз ёфт ва то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button