ВидеоФарҳанг

ФИЛЬМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК АНИСА СОБИРӢ ДАР ҶАШНВОРАИ CALVERT JOURNAL ҶОИЗА ГИРИФТ (ВИДЕО)

Филми мустанади 45-дақиқагии шоир ва коргардони тоҷик Анис Собирӣ “Оҳангҳои даврони рафта” (“Ритмы утраченного времени”, “Rhythms of Lost Time”)  дар ҷашнвораи байналмилалии Calvert Journal ҷоизаи маҳбубтарин филм аз нигоҳи тамошобинонро ба даст овард.

Ин алакай дуюмин ҷоизаи ин филми Аниса Собирӣ аст. “Оҳангҳои даврони рафта” моҳи август дар ҷашнвораи филмҳои мустанади Sole luna festival дар Италия ҷоизаи “Акси беҳтарин”-ро ба даст овард.

Ҷашнвораи Calvert Journal 35 филм аз паҳнои бузурги Аврупои шарқӣ, Балкан, Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказиро ҷамъ оварда, аз 18 то 31 октябр ба сурати онлайн баргузор шуд. Шоистаи таҳсин аст, ки яке аз 6 ҷоизаи ин ҷашнвора насиби коргардони тоҷик Аниса Собирӣ шуд.

Ураааааааааа! Мо ҷоизаи муҳаббати тамошобинонро ба даст овардем! Ташаккур ба The Calvert Journal! – навиштааст Аниса Собирӣ дар Фейсбук.

Дар бораи филм

Филми мустанади 45-дақиқагии “Оҳангҳои даврони рафта” ин саёҳҳат ба дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон буда, дар бораи таронаҳои рӯзҳои мотами мардуми тоҷик, бахусус дар бораи маддо ҳикоят мекунад. Маддо як таронаи суннатист, ки тоҷикони кӯҳистон, бавижа дар Бадахшон, азизони аздастдодаашонро зери навои он ба хок месупоранд. Дар ин филм рақси самоъ, ки низ дар рӯзҳои мотам иҷро карда мешавад, намоиш дода шудааст.

Аниса Собирӣ барои таҳияи ин филм тавонист аз қаҳрамононаш иҷозат бигирад, то ӯву таҳиягарони дигари филмро ба сахттарин рӯзи зиндагии худ, рӯзе, ки азизони худро ба хок месупоранд, роҳ бидиҳанд.

Ин дуюмин кори бузурги Аниса дар синамост. Филми “Нолаи танбӯр”, қиссаи солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки Аниса соли 2018 ба навор гирифт, дар чандин ҷашнвораи байналмилалӣ сазовори ҷоиза шудааст.

Дар бораи муаллиф

Адиб, шоир ва коргардони ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ соли 1991 дар Душанбе ба дунё омада, соли 2013 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Русияро дар шаҳри Маскав хатм кардааст.  Соли 2016 Аниса Собирӣ дар устохонаи коргардони олмонӣ Фред Келемен таҳсил кард ва нахустин кори донишҷӯии ӯ бо номи “Искупление” (“Тавба”) барои иштирок дар ҷашнвораи машҳури “Кинотавр” баргузида шуд.

Аниса Собирӣ соли 2018 филми “Нолаи  танбӯр”-ро ба навор гирифт ва соли 2019 барои таҳсил ба Мактаби синамои Лондон рафт. Дар даврони таҳсил ӯ сенарияи филми “Банд” (“Канат”)–ро навишт, ки барои он Мактаби синамои Лондон ба Аниса ҷозиаи сенариянависи барҷастаро дод.

Ҳоло Аниса ҳамроҳ бо продюсер Люк Шиллер аз Бритониё ба таҳияи филми “Банд” машғул аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button