ВарзишВидео

ТОҶИКИСТОН АЗ ЭРОН ШИКАСТ ХӮРД, ВАЛЕ ШАНСИ БАРОМАДАН БА ҶОМИ ОСИЁ ДОРАД (ВИДЕО)

Тими яккачини олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври ниҳоии мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё-2022 аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд ва дар гуруҳи “Б”, ки бозиҳояш ҳама дар Душанбе доир шуд, ҷои дуюмро ба даст овард. Ҳарсе голи Эронро ба дарвозаи Тоҷикистон Ёсин Салмонӣ зад. Аз ҷониби Тоҷикистон ду голро Ислом Зоиров ва Эҳсони Панҷшанбе (аз пеналти) заданд. Ба ин тартиб, аз ин гуруҳ Эрон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхати мустақим гирифт.

Вале бо вуҷуди шикасташ аз Эрон тими Мубин Эргашев ҳанӯз шанси роҳ ёфтан ба марзалаи ниҳоии Ҷоми Осиёро аз даст надодааст.

Тибқи қоидаҳои ин мусобиқа, ба марҳалаи ниҳоӣ 11 тиме, ки дар гуруҳҳои худ ҷойҳои аввалро ба даст оварданд, ва ҳамчунин 4 тиме, ки соҳиби ҷойҳои дуюм шудаанд, роҳ дода мешаванд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар байни 4 дастаест, ки бо натиҷаҳои бартар аз дигарон дар гуруҳҳои худ ҷои дуюмро гирифтаанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, акнун инки тими Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбад ё не, аз натиҷаи бозии байни Ветнам ва Мянма дар гуруҳи “I” вобаста аст. Ин бозӣ рӯзи 2 ноябр дар Бишкек доир мешавад.

Дар сурати пирӯзии яке аз ин дастаҳо ба ҷуз аз ҳисоби 4:3 (5:4, 6:5…) роҳхат насиби Тоҷикистон мешавад. Агар бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, онгоҳ шумораи кортҳои зарди дастаҳои довталаб баршумурда мешаванд.

Ёдовар мешавем, дар ду даври аввал дар гуруҳи “Б” тими олимпии Тоҷикистон аввал Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва дар даври дуюм ба дарвозаи Непал 7 тӯби беҷавоб зад.

Мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё -2022 (U-23)

Гуруҳи «Б». Даври 3-юм

Эрон – Тоҷикистон – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров, 10 (0:1). Ёсин Салмонӣ, 13 (1:1). Ёсин Салмонӣ, 19 (1:2). Эҳсони Панҷшанбе, 22 – аз пеналти (2:2). Ёсин Салмонӣ, 45 (3:2).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ҳанонов (Муҳаммадҷон Насков, 89), Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Наимҷон Иброҳимзода (Далер Ёдгоров, 46), Кароматулло Саидов, Ислом Зоиров (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 60), Эмомалӣ Аҳмадхон (Ҳусейн Нурматов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Шарафҷон Солеҳов, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.

Довари асосӣ: Ким Ву Сунг (Кореяи ҷанубӣ).

31 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7200 тамошобин.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button