ВидеоКоррупсия

ПАРВАНДАИ ПОРАХӮРИИ РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ДОДГОҲ РАФТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр хабар дод, ки парвандаи пурсарусадои Санатуллозода Суҳбатулло, собиқ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Раҳбари дастгоҳи ҳукумати Деваштич яке аз баландпоятарин мақомҳои давлатӣ дар вилояти Суғд аст, ки имсол бо ҷурми гирифтани пора ба маблағи бузург ба даст афтоданд.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Санатуллозода Суҳбатулло дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2 ҳазору 627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 102 ҳазору 702 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.”

Ҳанӯз 3 моҳ пеш раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар нишасти хабарии ҷамъбастиаш боздошти Санатуллозода Суҳбатуллоро яке аз натиҷаҳои чашмраси кори ин ниҳод дар соли ҷорӣ номида, гуфта буд, ки роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич аз шаҳрванд Салимов барои ҷудо намудани қитъаи замин 100 000 сомонӣ пора талаб намуда, моҳи апрел

ҳангоми аз Салимов гирифтани 4700 доллар ва 23 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд.

Санатуллозода Суҳбатулло бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург айбдор мешавад. Ба вай бар асоси ин моддаи қонун аз 8 то 12 соли зиндон  ва 5 соли маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад. Вале ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60сомонӣ) ва ҳатто афви мансабдорро низ пешбинӣ мекунад.

Дар робита ба ин парванда боз ҳамон суоле кӯҳна дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ки чаро дар ҳоле ки дар ин қазия ҳама аломатҳои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора дида мешавад, муфаттишони Агентӣ ба кадом сабаби танҳо ба худи онҳо маълум ин парвандаро бар асоси моддаи ҷазояш сабуктари 247 (қаллобӣ) ҷамъбаст кардаанд,  на бо моддаи 319 (гирифтани пора)?

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун “қаллобӣ” ҷамъбаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, зиёд шудааст. Дар  натиҷа, аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд.

Мақомот  барои аз моддаи 319 (порахӯрӣ) ба моддаи ҷазояш хеле сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз кардани айбномаи мансабдорони бадастафтода ин баҳонаро “ҳилаи шаръӣ” сохтаанд, ки гӯё мансабдори порахӯр иҷрои кореро, ки ба салоҳияти ӯ ваё фақат ӯ намедаромад, ваъда додааст ва ин на порахӯрӣ, балки қаллобӣ таъбир мешавад.

Вале коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд.

 Тоҷикистон ҳоло дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button