ВарзишВидео

НОКОМИИ ДУ МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ БОКСИ ҶАҲОН

Рӯзи 31 октябр, дар рӯзи ҳафтуми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, муҳорибаҳои даври ҳаштякфинал доир гашт.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 31 октябр ду варзишгари тоҷик муҳориба карданд ва мутаассифона, ҳарду ноком шуданд. Дар вазни то 60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни  беш аз 92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон Ёқубов дар рақобати аввалаш Роланд Велес (Венгрия) ва Ҷаҳон Қурбонов Элли Очола (Кения)-ро мағлуб карда буданд.
Ҳамин тариқ, шаш варзишгари тоҷик алакай иштирок дар чемпионати ҷаҳонро анҷом доданд.
Рӯзи 1 ноябр дар даври ҳаштякфиналӣ ду варзишгари тоҷик, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг мешаванд. Ҳарифи Шаббос Кейлан Кассидӣ аз Ирланд ва ҳарифи Баҳодур Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ҳастанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button